12:00:51 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамлаи маргталабона ба Шукрия Борикзай

Шукрия Борикзай, яке аз вакилони маъруфи зан дар порлумони Афғонистон рӯзи 16 ноябр аз як ҳамлаи маргталабона ҷон ба саломат бурд, вале 3 ҳамроҳи ӯ кушта шуданд.

shukriya-5445421455.jpgШукрия Борикзай, яке аз валикони маъруфи зан дар порлумони Афғонистон рӯзи 16 ноябр аз як ҳамлаи маргаталабона ҷон ба саломат бурдааст. Вале бар асари таркиш дар наздикии бинои порлумони Афғонистон дар пойтахташ, шаҳри Кобул, 3 ҳамроҳи ӯ кушта шудаанд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, Шукрия Борикзай “захмҳои сабук бардоштааст”, вале вазъаш хуб аст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳамлаи маргталабона алайҳи вакили порлумон тақрибан 20 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳашмат Станакзай, сухангӯи пулиси Кобул хабарҳоиқаблӣ дар бораи кушта шудани духтари Шукрия Борикзайро рад кард.Ба гуфтаи ӯ, 3 нафари кушташуда афроди мулкӣ буданд.

Худи Борикзай дар як тамоси телефонӣ аз бемористон ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки ӯро "дуои мардум аз марг наҷот дод."

Шинкай Карохел, як вакили дигари зан дар порлумони Афғонистон ба хабаргузории Франс  Пресс гуфтааст, ҳадафи ҳамла “корвони мошинҳои ҳомили вакилони ВулусӣҶирга буд, ки ба сӯи порлумон мерафт.”

Шукрия Борикзай аз ҳомиёни маъруфи ҳуқуқи зан дар Афғонистон ва аз ёрони наздики раисиҷумҳури ҷадиди ин кишвар Ашрафғанӣ Аҳмадзай маҳсуб мешавад. Аҳмадзай ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи ин вакили порлумон ва муттаҳидашро шадидан маҳкум кардааст.

Шукрия Борикзай дар гузашта чандин бор аз нақшиҷангсолорон дар арсаи сиёсии Афғонистон башиддат интиқод кардааст. Борикзай барои чунин изҳори назарҳояш дар гузашта ҳам чандин бор таҳдиди куштан гирифта буд. То ҳол масъулияти ҳамлаи маргталабона алайҳи Борикзайро ягон гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Шукрия Борикзай соли 1972 ба дунё омада, дар солҳои 90 ба Донишгоҳи Кобул дохил шуд, вале баъди ба қудрат расидани режими Толибон, ки мухолифи таҳсили занону духтарон буд, таҳсилашро қатъ кард. Ӯ танҳо баъди аз қудрат рафтани ин режим риштаи археология ва геологияи донишгоҳро хатм кард ва дар соли 2002 нашрияи "Оинаи зан"-ро таъсис дод. Дар соли 2003 вакили Лоя Ҷирга ва дар соли 2005 барои бори якум вакили ВулусӣҶирга - маҷлиси поёнии порлумон интихоб шуд ва инак, 2 навбат боз дар порлумони Афғонистон намояндагӣ мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi