16:49:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Раҳматулло Гадоев: Боздошту суд дар як рӯз

Раҳматулло Гадоев, бародари 36-солаи Шарофиддин Гадоев, як соҳибкори мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 рӯз бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ зиндонӣ шудааст.

rahmatullo-gadoev 235645Раҳматулло Гадоев, бародари 36-солаи Шарофиддин Гадоев, як соҳибкори мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 рӯз бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ  зиндонӣ шудааст. Ба иттилои манобеи огоҳ, боздошти Раҳматулло рӯзи душанбе, 17 ноябр дар посгоҳи ноҳияи Фархор рух дода, худи ҳамон рӯз муҳокимаи додгоҳии ӯҳам баргузор шуд. Додгоҳи ноҳия қарор кард, ки Раҳматулло Гадоев барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳгор аст ва бояд мӯҳлати 10 рӯзи дигар дар паси панҷара дар боздоштгоҳи муваққатии назди Шӯъбаи умури дохилаи Фархор нигаҳдорӣ шавад.

Раҳматулло Гадоев яке аз чаҳор писари хонавода аст, ки барои нигоҳубини падару модари гирифтори саратон масъул буд ва бештари вақт бо таксирониву фурӯши гову мол рӯзашро мегузаронид. Ӯ падари чаҳор фарзанд аст.

Дар ҳоле, ки хабари боздошт ва зиндонӣ шудани Раҳматулло Гадоевро дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Фархор “бепояву асос” мегӯянд, ин хабарро Шарофиддин Гадоев ҳам аз шаҳри Мадрид ба радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Гадоев, ки имсол дар Испания ба мӯҳлати 5 сол мақоми паноҳандаи сиёсӣ гирифтааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ду-се рӯз пеш аз маҳкумияти Раҳматулло барояш як ходими амният аз Тоҷикистон занг зад. Вай аз Гадоев хост, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқиди ҳукумати Тоҷикистон даст кашад. Ба гуфтаи Шарофиддин Гадоев, намояндаи амният гуфтааст, ки агар ӯ бихоҳад, метавонад таҳти ҳимояти ҳукумат ва ё сохторҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ гузарад, вале бояд бидонад, ки ҳама гуна фаъолияти зиддиҳукуматиаш натиҷа нахоҳад дод.

Соҳибкори фирорӣ мутмаин аст, ки боздошти бародараш Раҳматулло идомаи фишор болои хонаводаи ӯ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло тамоми аъзои оилааш дар Фархор, ки соҳиби тиҷорат ва савдои худ дар бозори маҳаллӣ буданд, аз ҳақи кор дар бозор маҳрум шудаанд. Ш.Гадоев мегӯяд, ахиран мақомот хонаводаро барои тиҷорати ғайриқонунӣ 30 ҳазор сомонӣ (5750 доллар) ҷаримабандӣ карданд, вале баъди пардохти ин маблағ барояшон ҳеҷ санаде надоданд.

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, таҳдиду фишор болои ӯ ва аҳли хонаводааш кор намедиҳад ва ӯ аз интиқоди ҳукумати Тоҷикистон даст нахоҳад кашид.

Ин соҳибкор худро узви созмони “Гурӯҳи 24” муаррифӣ мекунад, ки худро мухолифи ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба раҳбарии соҳибкори дигари фирорӣ УмаралӣҚувватов дар хориҷи Тоҷикистон ба сар мебарад.

УмаралӣҚувватов ва Шарофиддин Гадоев иддао доранд, ки тиҷораташон дар Тоҷикистон гӯё аз ҷониби Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон азхуд шудааст. Мақомоти Душанбе алайҳи ҳарду соҳибкор парванда кушода, таҳти таъқиби байналмилалӣқарорашон доданд, вале дар амри истирдоди ҳеҷ кадоми онҳо то ҳол комёб нашудаанд.

“Гурӯҳи 24” тавассути интернет мардуми Тоҷикистонро барои ширкат дар як намоиши эътирозии зиддиҳукуматӣ дар таърихи 10 октябр даъват кард. Намоиш баргузор нашуд, вале баъдан УмаралӣҚувватов ба мо гуфт, ки ҳадафашон аз даъвати мардум ба майдони марказии Душанбе омӯхтани майли ҷомеаи кишвар ба ширкат дар чунин намоише буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi