06:00:19 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Куштори ду донишҷӯ дар Кӯлоб

Мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шаби гузашта ба қатл расидаанд ва як ҳамсабақи онҳо ҳамчун гумонбар дар ин куштор, боздошт шудааст.

donishgogi-davlatii-kulob 4Тибқи иттилои манобеи пулис, шаби гузашта ду донишҷӯи Донишгоҳи давлати Кӯлоб дар утоқи иҷораашон аз сӯи як ҳамсабақи худ ба қатл расидаанд. Ба гуфтаи манбаъ, Амирхон Ҳотамов, донишҷӯи курси панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқ аз ноҳияи Темурмалик, Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров, донишҷӯёни соли савуми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии ҳамин донишгоҳро, ки аз маҳаллаи Даҳанаи Кӯлоб будаанд, бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Шарофат Худойдодова, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба мо гуфт, ки воқеа шаби гузашта дар хонаи шумораи 23, дар маҳаллаи Борбади ҳамин шаҳр рух додааст ва ҳар ду донишҷӯи кушташуда муҳассилони ин донишгоҳ буданд.

Ба гуфтаи мақомоти пулиси шаҳри Кӯлоб, Амирхон Ҳотамов дар як дорухона нигаҳбон буда ва шабҳо онҷо мехобидааст. Рӯзи гузашта ӯ ба утоқи иҷораи Наврӯз ва Ҳокимхон омада, аз боми он кафтар меқапанд ва ҳамроҳ хӯрок мепазанд ва шароб менӯшанд, ки дар ҳолати мастӣ кор ба ҷанҷол мекашад. Дар ибтидо Амирхон бо корд ба зери манаҳи яке аз онҳо мезанад ва дигарӣ барои халос кардани ҳамутоқи худ меравад, ки ӯ низ мавриди ҳамла қарор мегирад. Вақте ҳар ду маҷруҳ мешаванд, Амирхон мехоҳад, ки онҳоро ба бемористон барад, аммо онҳо дар берун аз бино, ҷон медиҳанд.

Донишҷӯёни кушташуда аз се моҳ ба ин тараф дар ин хона зиндагӣ мекардаанд ва ба гуфтаи ҳамсояҳо, дар ин утоқи иҷора шаш нафар буданд, вале то кунун рӯшан нест, ки дар шаби ҳодиса онҳо дар куҷо қарор доштанд.

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб ба мо гуфтанд, ки ҳамакнун дар мавриди ин ҳодиса парванда боз шуда ва таҳқиқот оғоз шудааст.

"Озодӣ"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi