15:11:33 09-уми Июни 2025 сол

Ашӯр Сафар ба ҷои Надежда Крупская

Дар мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии рақами 3-и шаҳри Душанбе ба муносибати ба номи шодравон Ашӯр Сафар, Шоири Халқии Тоҷикистон, гузошта шудани яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Меҳробод маҳфили ёдбуди ин адиби ширинкалом баргузор гардид.

ashur-safar-585124555Дар ин ҳамоиш аҳли зиё, шоирону нависандагон Абдулҳамид Самадов, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Камол Насруллоҳ, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Гулназар Келдӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб, Шоири Халқии Тоҷикистон, Саидалӣ Маъмур, Шоири Халқии Тоҷикистон, Алиакбар Абдуллоев, шоир ва намояндагони маҳаллаи Меҳробод ширкат ва суханронӣ намуданд.

Абдулҳамид Самадов дар суханронии хеш аз раҳбарияти ҳукумати шаҳр, ба хусус аз раиси он Муҳаммадсаид Убайдуллоев, ибрози миннатдорӣ намуд, ки ба хотири ҷовидон нигоҳ доштани номи шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг ва адабиёти кишвар ба бархе аз кӯчаҳои шаҳр, ки номҳои арбобони сиёсии даврони шӯравиро доштанд, номи шоирону нависандагони адабиёти тоҷикро мегузоранд. Ҳамин тавр аз ин ба баъд кӯчаи Крупская дар маҳаллаи Меҳробод бо номи Ашӯр Сафар, Шоири халқии Тоҷикистон ёд хоҳад шуд.

Дар поёни ин ҷамъомад Раҳматуллоҳ Ҳошимов, Ҳофизи Халқии Тоҷикистон таронаҳои бар матни шоир Ашӯр Сафар эҷод намудаи хешро иҷро кард, ки писанди тамошобинон гардиданд.

Соҳибқирон Мирзоев, донишҷӯи соли дуввуми факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854