Намоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналмилалии маълулин
Нашри аввали Намоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналмилалии маълулин (инвалидҳо) рӯзи сешанбе, 25 ноябр, дар Маркази фарҳангии Бохтар дар шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд.
Бори аввал дар Тоҷикистон Рӯзи байналхалқии СММ оид ба шахсони маълул дар якҷоягӣ бо Намоишгоҳи анъанавии зимистонаи ҳунармандӣ, ки рӯзҳои 6 ва 7-уми декабр дар Маркази Исмоилияи Душанбе баргузор мегардад, қайд карда мешавад. Рӯзи мазкур фаҳмиши масъалаҳои маъюбиро пешбарӣ мекунад ва дастгириро барои таъмини шаъну шараф, ҳуқуқ ва некӯаҳволии шахсони маълул сафарбар мекунад.
Чорабинии якҷоя маълумотнокиро оид ба манфиатҳое, ки аз ҳамгирои шахсони маълул дар ҳар як ҷанбаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда мешавад, баланд мебардорад ва идеали ҷамъияти фарогирро чун роҳи ноил шудан ба рушди устувори воқеӣ пешбарӣ мекунад.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби эътилофи ҳамфикр дастгирӣ карда мешавад, ки он аз 21 ташкилотҳои миллӣ ва байналхалқӣ иборат аст, аз он ҷумла Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Иттиҳодияи волидони кӯдакони маълул ва ташкилотҳои шахсони маълул, ки зери шиори “Барои рушди фарогир ва устувор муттаҳидем” ба ҳам омадаанд.
Чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки ду самти муҳими сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёси Миёна алоқаманд карда шавад: аз як тараф рушди иқтисодӣ тавассути дастгирии корхонаҳои хурд, мушаххасан дар соҳаи ҳунармандӣ; аз тарафи дигар таҳкими субъектони ғайридавлатӣ барои ноилшавӣ ба ҷомеаи шаҳрвандии бештар фарогир ва мустаҳкам. Илова бар ин, он бевосита мувофиқ ба усули баробару адолатонаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва таваҷҷӯҳи ташкилоти Ҳендикеп Интернешнл ба масъалаи фарогирӣ мебошад.
Намоишгоҳи дурӯзинаи ҳунармандӣ, ки аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) дар шарикӣ бо ташкилоти Чезви ва дар ҳамоҳангсозии муштарак бо Маркази фарҳангии Бохтар ташкил карда шуд, зиёда аз 50 ҳунармандонро ҷамъ оварда, комёбиҳои охирини ҳунармандии минтақивро пешкаш намуд. Барномаи намоишгоҳ мастер классҳои ройгон оид ба гулдӯзӣ, нассоҷӣ, расмкашӣ ва ороишдиҳӣ ва се семинари гуногунро дар бар гирифт, ки барои кӯдакон махсус пешбинӣ шуда будаанд.
Дар баробари чорабиниҳои ҳунармандон чорабиниҳои фарогир барои ҳам одамони маълул ва солим, ба монанди роҳгардӣ дар подиум, сурудхонӣ, намоишгоҳи хӯрока, намоиши филмҳо, кунҷи таҷрибаи сенсорӣ, намоишгоҳи маълумот ва бисёр дигар чорабиниҳо баргузор карда шуданд.
«Рӯзгор»