14:59:59 09-уми Июни 2025 сол

Маросими ифтитоҳи хонаи ятимон дар ҷамоати “Ширин-Чашма»

Муовини Роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷесс ва Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Хоҷамир дар маросими ифтитоҳи хонаи ятимони ҷамоати «Ширин -чашма» -и ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт ширкат варзиданд.

1-shirin-chshma-454554Хонаи ятимони мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи Сафорати ИМА, ки соли 2013 бо мақсади таъмин намудани ятимон ва толибилмон бо ҷои зист, ки ҳангоми фароҳам овардани фазои мусоид барои омӯзиш дар мактаб-интернат сокин шудаанд, сохта шудааст. 

Ин лоиҳа имкониятҳои мактабро дар нигоҳубин намудани кӯдакони ятим дар ноҳияҳо васеътар намуда, биноҳҳои хобгоҳ, синфхонаҳо, ошхона, хоҷатхонаву ҳаммомро барои истифодаи даҳҳо кӯдакони ятими гирду атроф қарор додааст. Қабл аз сохтани бинои нави хонаи ятимон, мактаби мазкур берун аз чорчӯбаи имкониятҳои худ, барои зисти кӯдакон ду синфхонаро фароҳам оварда буд.

2-shirin-chshma-454554

Кормандони Сафорати ИМА бо кӯмаки мансабдорони Ҳукумати маҳаллӣ ва намояндагони соҳаи маорифи ноҳия ниёз ба фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва беҳдоштӣ барои толибилмон ва ятимони ноҳияи Тоҷикободро муаяйн намуданд. Сохтумони бинои мазкур баъд аз баргузор намудани якчанд вохӯриҳо миёни намояндагони Сафорати ИМА ва Ҳукумати маҳаллӣ, сафарҳо ва гузаронидани таҳқиқот имконпазир гардид.

3-shirin-chshma-454554

Хонаи ятимони ҷамоати «Ширин -чашма» аз ҳамкории миёни Ҳукумати ИМА ва Вазорати маориф ва илм ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва сайқал додани сатҳи дониши кӯдакони ятим ва толибилмони ноҳияи Тоҷикобод шаҳодат медиҳад,- омадааст дар иттилоияие, ки Сафорати ИМА барои хабарнинорон таҳия ва дастрас кардааст.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854