08:28:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шайхи Ал-Азҳар: "Гурӯҳҳои тундрав исломро бадном мекунанд"

Шайхи Ал-Азҳар мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар баробари он идда тундравон, ки боиси бадномии ислом мешаванд, иқдомоти ҷиддӣ кунад.

shaykh-ahmad-56652332Шайхи ҷомеаи Ал-Азҳар дар Миср Аҳмад Ат-Таййиб мегӯянд, нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико на танҳо бояд бо гурӯҳи Давлати исломӣ, балки бо тамоми гурӯҳҳое, ки боиси бадномии ислом ва динҳои дигар мешаванд, мубориза кунанд.

Шайх Аҳмад Таййб ин матлабро рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси уламои 120 кишвари ҷаҳон, ки дар Қоҳира - пойтахти Миср баргузор шуд, баён кард. Дар ин нишаст даҳҳо тан аз уламои динҳои мухталиф иштирок карда ва гурӯҳҳои тундравро ба бадномии динҳо маҳкум намуданд.

Шайхи Ал-Азҳар дар ин конфронс гуфт, гурӯҳи тундрави Давлати исломӣ ки бо номи ислом хушунат карда ва даст ба куштор мезанад, боиси бадномии мусалмонон дар саросари ҷаҳон мешавад. Вай афзуд, аъмоли ин гурӯҳ ба арзишҳои исломӣ дар сароси ҷаҳон латма ворид мекунад.

Конфронси уламои динӣ дар Қоҳира дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳамакнун дар бисёре аз нуқоти Ховари Миёна нооромиҳо идома дорад ва гурӯҳҳое таҳти шиорҳои динӣ ба куштор ва хушунат даст мезананд.

Дар гузашта низ олимони бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла бархе аз рӯҳониёни тоҷик алайҳи хушунат ва куштор ба номи ислом, фатвоҳо содир карда буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi