18:15:53 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Марги мармузи писари Қурбон Чолов

Писари бузурги Қурбон Чолов, фармондеҳи маъруфи ҷанги шаҳрванди бо сабабҳои то ҳол номаълум имшаб, 8-уми декабр аз дунё даргузаштааст. Панҷшер Чолов, фарзанди Қурбон Чолов, ки 31 сол дошт, ба тиҷорат машғул буд, шаби гузашта аз дунё даргузаштааст. Маркази тиҷоратии “Панҷшер” дар назди бозори "Саховат", воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе ба ӯ таалулуқ дошт.

panjsher-cholov-9865454Наздиконаш дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ӯ пас аз марги падараш гирифтори бемории мармузе шуда буд ва дар назди пизишкон табобат мегирифт, аммо вазъаш чандон баде набуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи наздикон "Панҷшер, пас аз марги падараш комилан аз зиндагӣ дилсард шуда буд ва бештари вақти худро дар танҳоӣ мегузаронид. Панҷшер Чолов дар шаҳри Душанбе вафот карда ва ҷасади ӯ ба шаҳри Кӯлоб интиқол дода мешавад.

Марги Панҷшер Чолов дар ҳолест, ки падари ӯ, Қурбон Чолов субҳи 5 ноябри соли равон дар синни 54 аз дунё гузашт. Панҷшер Чолов, аз ҷумлаи ҷавононе буд, ки аз нуфузи падараш то солҳои 2005 дар минтақаи Кӯлоб зиёд истифода мебурд, аммо бинобар тарс аз нуфузи падараш, мақомот ба ҳамаи аъмоли ӯ чашм мепӯшид.

Аммо бори аввал соли гузашта, чеҳраи ӯ аз тариқи телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки пиёдагардеро бо мошини худ пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Пиёдагард зарари ҷиддӣ надида буд ва Панҷшер Чолов бо ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуд.

Хонаводаи Чоловҳо, ки аз маъруфтарин хонаводаи қумондонҳои ҷанги шаҳрвандӣ буданд, чанд соли ахир комилан нуфузи худро аз даст дода, аз саҳнаи сиёсӣ дур шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi