01:52:53 01-уми Июни 2025 сол

Дар марзи Афғонистон 4 марзбони тоҷик рабуда шуд

Дар вилояти Кундуз, воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 4 марзбони тоҷик аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ рабуда шудаанд.

tajikborder304454545Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯйи Идораи пулиси вилояти Кундузи Афғонистон ба шабакаи телевизиюни “Ориёно-ТВ” гуфтааст, ки рӯзи шанбеи 20 декабр марзбонони тоҷик замоне аз ҷониби гурӯҳи Толибон дастгир шудаанд, ки дар минтақаи Имом Соҳиби Афғонистон ба буридани дарахтон машғул будаанд.

Оқои Ҳусайнӣ гуфтааст, пулис маҳалли нигаҳдории марзбонони тоҷикро мушаххас карда ва ҳамакнун амалиёт барои озодии онҳо шурӯъ шудааст.

Зимнан, дар моҳи гузашта гурӯҳи Толибон 17 корманди бандари Шерхони вилояти Кундузро рабуда, баъдан бо миёнҷигарии куҳансолони маҳаллӣ 7 нафари онҳо озод шуда буданд. Сарнавишти 10 нафари дигар то ҳол рӯшан нест.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабари рабурда шудани мазбонони тоҷик аз сӯйи гурӯҳи Толибонро таъйид карда, аммо аз шарҳи ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ кардаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854