07:14:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пас аз се моҳи танаффус Хоруғ соҳиби додситон шуд

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон додситонҳои як қатор шаҳру навоҳии кишвар иваз карда шуданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ додситонҳоро дар мақоми прокуратураи ҷумҳурӣ мансуб кард, ки аз ҷумла додситони шаҳри Хоруғ низ иваз карда шуд.

shahri-khorugh 87456521Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон имрӯз 25 декабр бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки президент бо додситонҳои тозатаъини навоҳию шаҳрҳои кишвар мулоқот кард. Дар ин ҳамоиш аз ҷумла додситони нави Хоруғ Ёразиз Ғуломалиев, ки қаблан прокурори Кӯлоб буд, низ ширкат дошт.

Тақрибан се моҳ мешавад,ки пас аз барканории Дулоев Маҳмадалӣ дар вазифаи прокурори шаҳри Хоруғҳеҷ нафаре таъин нашуда буд. Мақоми додситони шаҳри Хоруғ аз он лиҳоз муҳим дониста мешавад, ки таҳқиқи рӯйдодҳои моҳи майи соли равон дар ин ҷо ҳамоно идома дорад  ва рӯшан нашудааст, ки бо гуноҳи кӣ вазъи амниятӣ дар Хоруғ ба ҳам зада шуд. Рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр эътирозу гирдиҳамоиҳо ба миён омад.

Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус (ОМОН) кушта шуд ва 4 тани дигар захм бардоштанд. Баъд аз ин ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти маъмурони ОМОН ба назди бинои раёсати умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису додситониро оташ заданд. Дар як ҳодисаи дигар дар шаби 23-юми май дар назди бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон боз як нафар куштаву ду тани дигар захмӣ шуданд.

Маркази вилояти Бадахшон аз ин пеш дар тобистони соли 2012 низ дар пайи қатли Абдулло Назаров, раиси идораи амнияти вилоят дучори нооромиҳо шуда буд. Дар он сол мақомоти амниятӣ амалиётеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар дар минтақа ба роҳ андохтанд ва бино ба гузоришҳо, дар натиҷа аз ҳарду тараф то 70 нафар кушта шуданд.

Ва рӯзи 15-уми декабр низ гурӯҳе мухолифи таъсиси дафтари Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар Хоруғи Боло шуда, дар ин робита номи фармондеҳи пешини мухолифон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров садо дод, ки кумита ӯро дар маҷрӯҳ кардани як корманди худ муттаҳам медонад.

Ҳамин тариқ, президенти Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе додситонҳои Хоруғ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Восеъ, Рӯдакӣ, Рашт, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Рашт ва Хоруғ, додситони нақлиётии вилояти Суғд, сардорони ду раёсати Прокуратураи генералӣ ва сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти кишварро иваз кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi