00:08:51 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳавопаймои AirAsia дар масири Индонезия ба Сингапур нопадид шуд

Тибқи гузоришҳои аввалия, як ҳавопаймои ширкати AirAsia, ки аз Индонезия ба Сингапур дар парвоз буд, нопадид шудааст.

air-asia-comРасонаҳои индонезӣ аз қавли як мақоми расмӣ дар вазорати нақлиёти он кишвар мегӯянд, як ҳавопаймои ширкати AirAsia, ки аз шаҳри Сурабая (Surabaya) дар Индонезия равонаи Сингапур буд, тамосаш бо бурҷи муроқибат қатъ шудааст. Мақомҳои ширкати AirAsia гуфтанд, ки амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопайморо оғоз мекунанд.

Ҳодӣ Мустафо, ин мақоми расмии вазорати нақлиёти Индонезия гуфтааст, парвози QZ8501, дар соати 6:18 -и бомдоди рӯзи якшанбеи 28 декабр, алоқааш бо бурҷи муроқибати Ҷакарторо аз даст додааст.

Хабаргузориҳои Ройтерз ва Франс-пресс низ дар хабарҳои аввалия гуфтаҳои ин мақоми индонезиягӣ ба расонаҳои он кишварро бознақл кардаанд. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, як мақоми расмии дигари он кишвар навъи ҳавопайморо Airbus 320 ва шумораи мусофирон ва хадамаи парвозро 162 нафар гуфтааст.

Бинобар гузоришҳои расида ва ба гуфтаи мақомоти вазорати нақлиёти Индонезия, 149 нафар аз мусофирони ин ҳавопаймо шаҳрвандони индонезӣҳастанд. Як шаҳрванди сингапурӣ, як бритониёӣ, як малайзиягӣ ва се шаҳрванди Корея низ дар ҳавопаймо будаанд.

Ҳодӣ Мустафо гуфтааст, парвоз пеш аз нопадид шудан аз сафҳаи радар, хоста буд то дар "масири ғайримаъмулӣ" қарор гирад. Ин ҳавопаймо қарор буд соати 8:30 дар Сингапур ба замин биншинад.

Оқои Мустафо ба расонаҳои индонезӣ гуфтааст, вазъи ҳаво дар атрофи роҳе, ки ҳавопаймо иртиботи худ бо бурҷи муроқибатро аз даст додааст, хуб набудааст.

AirAsia як ширкати ҳавоии ироакунандаи парвозҳои арзони хусусӣ дар Малайзия аст. Ин ширкати ҳавопаймоӣ дар 100 масир дар 22 кишвари дунё хадамот ироа мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi