12:16:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Соли Нави мелодӣ муборак бод, дӯстони азиз!

soli-nav-2015

Баъди чанд лаҳза соли 2014 ба ҳукми таърих медарояд. Ба гуфтаи устоди шодравон Лоиқ инак:

Боз як соли ғаму шодӣ гузашт.

Дар талоши қисмату номусу нанг…

Бале, агарчи соли 2014 чун солҳои дигар соле буд, ки ҳам хушиву нохушиҳо, ҳам талхиву шириниҳо, ҳам барору бебарориҳо ва ҳам комёбиву нокомиҳо дошт, вале дар умум соле буд, ки миллати азизи мо, кишвари маҳбубамон, мардуми шарифи мо боз ҳам қадаме ба пеш гузоштанд, ободтар шуданд. Инро танҳо нафарони аз неъмати биноӣ маҳрум ва нотавонбинон ин хоку замин дида наметавонанд.

Вале оне, ки Ватанашро дар ҳақиқат дӯст медорад, барояш месӯзад ва андаке ҳам бошад ба гунае, ба шевае месозад, албатта ин дигаргуниҳои мусбатро мебинад. Бо вуҷуди ин оё мо метавонистем, ки аз ин тезтару беҳтар рушду тараққӣ кунем? Бале, метавонистем! Ҳамон вақт метавонистем, ки ба камбудиҳои мавҷудаи рӯзгорамон, аз қабили фасоду порахӯрӣ, ҳамшаҳрчигиву маҳалбозӣ, беинсофиву беадолатӣ, дурӯғу фиреб дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиямон ва ҳатто ҳаёти шахсиамон роҳ надиҳем, муросо накунем.

Ва аммо ин лаҳзаҳо лаҳзаҳои гилаву шиква аз камбудиҳо нестанд. Онҳоро дар мавридаш дар ҷояш бояд гуфт. Ҳоло бошад фурсати он расидааст, ки ҳамватанони азизамонро чи дар дохилу чи дар хориҷ аз Ватан ва инчунин дӯстони мамлакатамонро дар тамоми сайёраи Замин бо фарорасии соли нави 2015 самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон дар соли нав аз Парвардигори муттаъол бахту иқболи баланд, тани сиҳату хотири ҷамъ, осмони софу беғубор сулҳу оромӣ, рӯзгори хушу пурфайзу баракатро таманно менамоем.

Соли Нави мелодӣ муборак бод, дӯстони азиз!

Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi