04:25:43 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муҷозоти 20 корманди ВКД бар асоси шикоятҳои мардум

Мақомоти умури дохила мегӯянд, шикоятҳо аз бадрафтории пулис дар соли 2014 бамаротиб коҳиш ёфтааст. Бар асоси чунин шикоятҳо, дар як соли охир 20 корманди пулисро ҷазо додаанд.

vazorati-dokhila-45875665Дар як соли ахир сокинон аз бадрафтории пулис 35 маротиба ба вазорати корҳои дохила шикоят кардаанд. Як масъули вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, бар асоси ин шикоятҳо нисбат ба як корманди пулис барои даст ба қонуншикании ҷиддӣ заданаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 19 корманди дигарро ҷазои интизомӣ додаанд.

-Шикоятҳо бештар ин буд, ки фарзанди маро ғайриқонунӣ боздошт кардааст ва ё бо моддаи нодуруст парванда боз кардаанд. Аз лату кӯб шуданашон ҳам шикоят мекарданд, вале на ҳамаи шикоятҳо дар рафти санҷиши махсуси вазорат тасдиқи худро ёфт. Вазири корҳои дохилӣ телефони боварӣ доранд ва мо ҳамеша ба сокинон мегӯем, ки ҳар арзу шикояте пайдо шуд, мустақиман занг занед, - гуфт ин масъули вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ин масъули ВКД мегӯяд, шикоят дар нисбат ба кормандони пулис дар қиёс ба соли гузашта ба маротиб камтар шудааст, чунки ҳоло талош мешавад, то ҳарчӣ бештар ҷавонони донишманд ба сафи пулис ҷалб шаванд.

Дар ҳоле аз коҳиши шикоят аз болои пулис сӯҳбат мешавад, ки расонаҳо ҳамеша аз қонуншиканиҳо аз ҷониби кормандони вазорати корҳои дохилӣҳамчунон матлаби зиёд нашр мекунанд. Бештар қонуншиканиҳо замоне сурат мегиранд, ки кормандони пулис нафареро бо гумони даст доштан дар ҷинояте боздошт мекунанд.

Соли гузашта як сокини ноҳияи Ёвон барои шиканҷа шудани писараш аз ҷониби корманди пулис ба додситонӣ шикоят бурд. Ба дунбол Машариф Алиев, корманди пулис боздошт ва бо ҳукми додгоҳи Хатлон 7 сол равонаи зиндон шуд. Додгоҳ ин пулисро ба шиканҷа ва ба қасди худкушӣ кардани ин навраси 16-сола гунаҳкор донист.

Аммо дар ҳоле ки ВКД аз коҳиши шикоят алайҳи кормандонаш сӯҳбат мекунад, бар асоси иттилои додситонии кули Тоҷикистон, соли гузашта нисбат ба 4 корманди ВКД бо гумони даст доштан дар шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба гуфтаи соҳибназарон, бо вуҷуди талошҳо барои пок кардани симои милиса, бадрафторӣ ва фасод як омили бадномкунандаи ниҳодҳои умури дохилаи Тоҷикистон боқӣ мемонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi