11:47:56 09-уми Июни 2025 сол

Интиқоли беш аз 860 ҷасад аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2014

Вазири кор, таъмини иштиғол ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли 2014 аз Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 870 ҷасади шаҳрвандони ин кишвар интиқол ёфтаанд.

Сумангул Тағозода, рӯзи панҷшанбеи 15 январ дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки ин омор дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли 2013 ҳудуди 14 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Хонум Тағозода мегӯяд, ки дар соли 2013 аз хориҷ ба Тоҷикистон беш аз як ҳазор тобут бо аҷсоди шаҳрвандони тоҷик интиқол ёфта буд.

Ӯ мегӯяд, ки бештари ин афрод дар хориҷ ба сабаби бемориҳои мухталиф ҷонҳои худро аз даст додаанд буд.

Аммо хонум Тағозода мегӯяд: “Сабабҳо мухталиф ҳастанд, бархе аз ин шаҳрвандон дар сонеҳаҳо кушта шудаанд ва ҳолатҳое низ ҳастанд, ки бархе аз онҳо дар хориҷ ба қатл расидаанд.”

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854