ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Юсуф Раҳмонов ба ҷои Шерхон Салимзода
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Юсуф Раҳмонов додситони кулли Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Шерхон Салимзодаро иваз кард, ки 5 сол пеш ба ин курсӣ такя зада буд. Юсуф Раҳмонови 49-сола бо фармони Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон додситони кулли кишвар таъин шуда, дар ин мақом Шерхон Салимзодаро иваз намудааст.
Раҳмонов зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон буда, тақрибан 23 соли ҳаёташро дар умури додситонӣ сарф кардааст. Ӯ дар гузашта ба ҳайси додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, муовини додситони кулл - сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ва додситони вилояти Суғд фаъолият намуда, солҳои 2012-2014 машваратчии калон - сардори шӯъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон низ будааст.
Юсуф Раҳмонов аз моҳи декабри соли 2014 то ин дам вазифаи муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президентро бар уҳда дошт.
Шерхон Салимзода, ки моҳи январи соли 2010 дар курсии додситони кулли Тоҷикистон такя зада буд, субҳи 24 январ бо пешниҳоди раиси ҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор шуд. Ин тасмимро аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болои парлумони Тоҷикистон, дар пайи ҷаласаи ғайринавбатии худ гирифтаанд.
Маълум нест, ҳоло Шерхон Салимзода ба кадом мақом таъин шудааст. Ӯ 1 январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1979 факултаи ҳуқуқшиносии собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Оқои Салимзода то ин дам дар мақоми додситони Душанбе, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мушовири давлатии раиси ҷмуҳури Тоҷиистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ кор карда, вакили Маҷлиси Намояндагон низ будааст.
Ин тағйирот баъд аз ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, ки 23 январ баргузор ва дар он ҳисоботи раҳбарони баъзе аз вазорату идораҳои давлатӣ шунида шуд. Соҳибназарон мегӯянд, тағйироти кадрӣ то чанд рӯзи дигар идома карда, зоҳиран бисёре аз курсии ниҳодҳои давлатӣ барои худ “соҳибон”-и нав пайдо хоҳанд кард. Гузашта аз ин, раҳбарони баъзе аз ниҳодҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ҳам номзад шуда, то ночор ҷойи худро ба афроди дигар хоҳанд дод.
«Озодӣ»