11:38:29 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Озодии Умаралӣ Қувватов ва 3 ҳамроҳи ӯ дар Туркия

УмаралӣҚувватов, раҳбари Гуруҳи 24, бо се ҳамроҳаш, ки дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Туркия боздошт шуда буд, аз "ҳабси хонагӣ" раҳо шуд.

quvvatov-umarali_2015_1.jpgУмаралӣҚувватов , раҳбари созмони мамнӯи "Гуруҳи 24" ва се ҳамроҳи ӯ - Ҳусейн Ашӯров, Суҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳомидов, ки бештар аз як моҳ боз дар боздоштгоҳе дар Туркия нигаҳдорӣ мешуданд, рӯзи 3 феврал озод гардидаанд. Дар ин бора Қумриннисо Ҳафизова -- ҳамсари УмаралӣҚувватов хабар дод.

Қувватов дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта якҷоя бо се ҳамроҳаш дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Истанбул боздошт шуда буд. Дар пайи он мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, асноди ӯро барои истирдодаш ба Туркия фиристодаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 январи соли ҷорӣҳангоми нишасти хабарияш гуфта буд, “дар ин дархост куллия ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов сабт шуда”, аммо тасмими истирдод ба дасти мақомоти Туркия аст. Ӯ афзуд, “фаъолияти гуруҳи ташкилкардаи УмаралӣҚувватов, ҳамчун гуруҳи экстремистӣ дар Тоҷикистон манъ аст. Нисбат ба УмаралӣҚувватов барои содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ айб эълон карда шудааст ва барои ҳамин дар кофтукоби ҷиноӣқарор дорад. Ҷумҳурии Туркия гуфт, ӯ боздошт шудааст ва мо мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба вайро фиристодем.”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон илова карда буд, 8 узви ин созмони мамнӯъ дар Русия низ боздошт шуда, мунтазири интиқолашон ба Ватан ҳастанд. Ва ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Маскав, ки яке аз ёрони УмаралӣҚувватов гуфта мешавад, низ ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳоло дар боздоштгоҳе дар Душанбе қарор дорад. Наздикони Иброҳимов мегӯянд, алайҳи ӯ ва 11 нафари дигар аз аъзои созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ (ташкили иттиҳоди ифротӣ, ташкили фаъолияти чунин созмонҳо ва даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои экстремистӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Баъдан масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ раҳбари "Гуруҳи 24"-ро ба гаравонгирӣҳам муттаҳам карданд. Онҳо гуфтанд, УмаралӣҚувватов дар баробари ҷиноёти иқтисодӣ, бар асоси моддаҳои 36, қисми 3 (раҳбарии гурӯҳи ҷиноӣ), моддаи 131 (ташкилкунандаи ғайриқонунии маҳрум кардан аз озодӣ), моддаи 181, қисми 3 банди “а” ва “б” (ташкилкунандаи ғасби гаравгонгирӣ ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон), моддаи 358, қисми 2 (ташкилкунандаи ғайриқонунии дар ҳабс нигоҳ доштани шахс) ҳам айбдор аст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб - раиси Оҷонсӣ гуфта буд, наметавонанд номи ҷабрдидаҳоро ошкор созанд, чун, ба қавли ӯ, ҳанӯз тафтиши парвандаҳои Қувватов поён наёфта, бахше аз онҳо сиррист. Аммо ӯ гуфт, ҳатто ҳолатҳое ҳам будааст, ки УмаралӣҚувватов бо зӯр тиҷоратро аз худ карда, баъзе ҳамкорони собиқашро пеш кардааст: "Азҷумла, як шаҳвранди Афғонистон, ки дар ин ҷо корти паноҳандагӣ дорад, шахсан ба ман муроҷиат кард. УмаралӣҚуваатов ӯро дар Қӯрғонтеппа кор фармуда, дар он ҷо ва дар Душанбе маҳкам кардааст."

УмаралӣҚувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, чор соли пеш Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар охирҳои моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт шуд, вале баъдан ӯро раҳо карданд.

Даъвати ӯ ба тазоҳурот дар Душанбе дар рӯзи 10 октябри соли 2014, мақомотро водор кард, чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Баъдан мақомоти Тоҷикистон навори муколамаи ӯ бо Шарофиддин Гадоев, як узви дигари "Гурӯҳи 24"-ро нашр карданд, ки ҳарду дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд сӯҳбат мекарданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли гузашта “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ донист.

Ҳарчанд теъдоди дақиқи аъзо ва пайравони ин созмони, инак, мамнуъ мушаххас нест, вале раҳбаронаш худро мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон эълон карда, мегӯянд, барномаи сарнагун кардани ҳукуматро пайгирӣ доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi