20:06:48 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Эрон: Поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи Посдорони Эрон гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар созмонҳои ба гуфтаи ӯ "террористӣ" дар Ироқ ва Сурия, ба поёни умри худ наздик мешаванд.

qosim-sulaymoni_21456556.jpgБа гузориши хабаргузории ИРНА, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон рӯз панҷшанбе гуфтааст, "бо таваҷҷӯҳ ба шикастҳое сахте, ки "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои террористӣдар Ироқ ва Сурия рӯбарӯ шудаанд, бовар дорам, ки ин гурӯҳҳо ба поёни умри худ наздик мешаванд."

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар рӯзҳои ахир дар ҷанги шаҳри марзии Кӯбонӣ ва минтақаҳои атрофи он дар Сурия шикаст хӯрд ва ақибнишинӣ кардааст. Набарди Кубонӣ чаҳор моҳ давом кард.

Қосим Сулаймонӣ мегӯяд, ки вуҷуди гурӯҳҳое чун "Давлати исломӣ", "охирин абзори истикбор" аст, ки бо ҳадафи хадшадор кардани чеҳраи ислом ва барафрӯхтани оташи фитна ва ҷанги дохилӣ дар миёни мусалмонон шакл гирифтааст. Мақомоти Эрон пеш аз ин борҳо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро сохтаи кишварҳои ғарбӣ хондаанд ва аз ҷумла Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтааст, ки давлати Бритониё "Давлати исломӣ" ва Ал-Қоидаро "барои муқобила бо Ҷумҳурии исломӣ ва бедории исломӣ дуруст кардааст.

Аммо аз тарафи дигар, эътилофи байналмилалӣ алайҳи "Давлати исломӣ" бо раҳбарии Амрико дар моҳҳои ахир ҳамлаҳои густурда ва давомдори ҳавоиро алайҳи пойгоҳҳои ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия роҳандозӣ кардааст, ки сабаби шикасти сахти онҳо шудааст.

Хабаргузории ИРНА мегӯяд, ки фармондеҳи нерӯҳои Қудс" дар идомаи изҳороти рӯзи панҷшанбеи худ ҳамчунин гуфтааст, ки "имрӯз нишонаҳои судури инқилобро дар саросари минтақа, аз Баҳрайн ва Ироқ гирифта то Сурия ва Яман ва Шимоли Африқо мушоҳида мекунем."

Эрон дар ҷанги дохилии Сурия тарафиҳукумати Башор Асадро гирифта ва дар Ироқҳам алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" фаъол аст. Аз тарафе мақомоти бархе аз кишварҳои арабӣ Эронро ба дахолат дар умури дохилии Яман ва Баҳрайн муттаҳам мекунанд. Аммо Эрон ҳамеша ин иттиҳомотро рад кардааст. Дар ҳамин ҳол Алӣ Саъидӣ, намояндаи раҳбари Эрон дар Сипоҳи Посдорон, рӯзи панҷшанбе кишварҳои Ироқ, Сурия, Баҳрайн ва Амрикои Лотиниро "умқи стратегияи" Ҷумҳурии исломии Эрон хонда буд.

Бар пояи ин гузориш, фармондеҳи Сипоҳи Қудс дар идомаи суханони худ гуфтааст, "истикобор ва саҳюнизми ҷаҳонӣ бо шикастҳои пайдарпай дар баробари ҷабҳаи муқовимат ба аҷзи худ ва иқдтидори Ҷумҳурии исломии Эрон беш аз пеш пай бурдааст". Оқои Сулаймонӣ амалиёти "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон алайҳи Исроилро намунаи барҷастае аз ба гуфтаи ӯ, "намодҳои муқовимат" донист. 

Пас аз кушта шудани Муҳаммадалӣ Аллоҳдодӣ, як генерали эронӣ ва теъдоде аз аъзои "Ҳизбуллоҳ"-и Лубонон ва ҳамчунон Ҷиҳод Муғния, фарзанди Имод Муғния, аз фармондеҳони пешини "Ҳизбуллоҳ" бар асари ҳамлаи чархболҳои исроилӣ дар чанд ҳафта қабл, як мошини низомиёни Исроил дар марзи ин кишвар бо Лубнон ҳадафи ҳамла қарор гирифт. "Ҳизбуллоҳ"-и  бо интишори баёнияе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Пеш аз ин телевизиони лубнонии "Ал-Маёдин" аз дидори Қосим Сулаймонӣ бо Шайх Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, 48 соат пас аз ҳамлаи Исроил, хабар дода буд. МуҳаммадалӣҶаъфарӣ, фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ низ ду ҳафта қабл таъкид карда буд, ки посухи Эрон ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ба Исроил, "яке аст."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi