05:42:29 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Боздошти "сардабир"-и тоҷики сомонаи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Маскав

Дар шаҳри Маскав як зодаиТоҷикистон бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ” дастгир шудааст. Бино ба гузориши расонаҳои Русия, пулиси шаҳри Маскав мардеро дастгир кардаанд, ки дар Интернет аз номи ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” сомона боз карда, дар ин сомона наворҳои видеоии мазмунашон ифротгароёнаро ҷой мекард.

bozdoshti-doishi 54545445Манбаи хабаргузории ТАСС дар раёсати умури дохилии пойтахти Русия гуфтааст, ки ин мард  бо нашри наворҳои тарғиботии “Давлати исломӣ” амалан ҳамчун мубаллиғи ин гурӯҳи террористӣ фаъолият мекард ва ба гуфтаи ин манбаъ, “мардумро ба фаъолиятҳвои террористӣ даъват ва терроризмро дар мазҳари ом таблиғ ва сафед мекард.”

Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, мубаллиғи боздоштшудаи “Давлати исломӣ” зодаи Тоҷикистон аст. Гуфта мешавад, ки ӯро дар кӯчаи Образтсов, дар наздикии маркази  тиҷории “Савеловский”-и шаҳри Маскав дастгир кардаанд.

Исми ин шаҳрванд ва ҳам номи сомонае, ки ӯ аз номи ҷангиёни “Давлати исломӣ” мечархонд, гуфта нашудааст. Дар Тоҷикистон то ҳол ҳудуди 20 нафар бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ё ташвиқу ҷалби дигарон барои пайвастан ба “ҷиҳод” дар Ховари Миёна боздошт ва зиндонӣ шудаанд, Аммо ин барои нахустин бор аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо итиҳоми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи ҷангҷӯ ва он ҳам бо иттиҳоми чархондани сомонаи интернетӣ аз номи ҷангиёни ин гурӯҳ ва таблиғи ақидаҳои онҳо боздошт мешавад.

Додгоҳи олии Русия созмонҳои тундрави “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-Нусра”-ро рӯзи 29 декабри соли 2014 созмони террористӣ эътироф карда, фаъолияти ҳардуро дар қаламрави Русия қонунан манъ кардааст.

“Давлати исломӣ” як созмони тундравест, ки дар оғози соли 2014 (бино ба бархе манобеи дигар, ҳанӯз дар соли 2006) аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, бо ишғоли қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурия аз таъсиси “хилофати исломӣ” хабар дод. Ҷангиёни ин созмон бо қатлҳои ваҳшиёна, аз ҷумла бо каллабурию зинда ба зинда сӯзондани  асирону гаравгонҳо дар сарзаминҳои таҳти назораташон ном баровардаанд. Ин созмон мегӯяд, қасдаш истиқрори “хилофати исломӣ” дар саросари ҷаҳони исломист. Қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар харитаҳои “Давлати исломӣҳамчун бахше аз вилояти “Хуросон” тасвир шудаанд, ки ҳамчунин шарқи Эрон, Афғонистону Покистон ва қисмате аз Ҳиндро дар бар мегирад.

Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз ин кишвар дар Сурияву Ироқро то 300 нафар тахмин мезананд ва мегӯянд, то имрӯз то 60 тоҷик дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна ҷон бохтаанд. Аз ҷумла дар ҳафтаи гузашта дар бораи ҳалокати дастикам 4 тоҷики дигар дар шаҳри Киркуки Ироқ гузориш шуда буд. Яке аз кушташудаҳо Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ буд, ки яке аз воизони ҷангиёни тоҷик дар ҳайати "Давлати исломӣ" будааст. Таҳқиқоти хабарнигори Озодӣ дар Душанбе Мӯъмин Аҳмадӣ маълум кард, ки Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ дар асл қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар муҳорибаи бидуни қоида  ва донишҷӯи собиқи Донишгоҳи славянии Душанбе Алан Чикранов будааст, ки дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон аз падари тоҷику модари осетин ба дунё омадааст.

Бовар меравад, ки аксари онҳо таҳти таъсири ақидаҳои воизони ҷараёни Салафия ба ин гӯё «ҷиҳод» дар Ховари Миёна меҷанганд. Худи ин ҷангиён, ки пайваста аз тариқи Интернет ба ҳукумати Тоҷикистон "паём"-ҳои таҳдидомез мефиристанд, шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ҳаракатҳои "ҷиҳодӣ"-ро то 1000 нафар мегӯянд ва таҳдид мекунанд, ки "ҷиҳод"-и онҳо танҳо бо Сурияву Ироқ маҳдуд нахоҳад шуд.

Мақомоти тоҷик афзоиши шумори тоҷикон дар созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти кишвар мешиносанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi