70-cолагии Рӯзи Ғалаба муборак бод, ҳамдиёрони азиз!
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ як саҳифаи дурахшони таърихи мардуми шарифи Иттиҳоди Шӯравӣ –давлате буд, ки замоне 15 ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ, азҷумла Тоҷикистони азизи моро дар худ муттаҳид мекард. Замоне Иттиҳоди Шӯравӣ ватани бузурги мо буд ва мо мардуми Тоҷикистон шаҳрвандӣ он будем.
Ҳарчанд, ки он ҷанг фарсахҳо дур аз марзи Тоҷикистони кунунӣ ба вуқуъ пайваст, вале дари хонаводаи ҳар як тоҷикистониро низ кӯфта буд. Оилае набуд, ки бидуни доғи ҷанг бошад. Барои дифои Ватан, марзу буми он, шаъну шарафи инсонии хеш ҳазорҳо нафар тоҷикистонӣ ба сангарҳои набард рафтанду ҷоми шаҳодат нӯшиданд, то Рӯзи Ғалабаро ҳарчи қадаре, ки тавонистанд, наздик бикунанд. Ғалаба бо қиммати гарон ба даст омад. Агарчи имрӯз Тоҷикистон соҳибистиқлол аст, давлати мустақил, вале ин рӯзро дар Ватани азизи мо низ рӯзи муқаддас медонанд. Зеро дар ин Ғалаба сахми тоҷикистониён низ арзанда аст.
Аз ин рӯ 70-солагии Рӯзи Ғалабаро барои ҳамдиёрони азиз ва тамоми мардуми ҷаҳон муборакбод гуфта ба даргоҳи Парвадигори зулҷалол дуъо мекунем, ки дигар ҳаргиз чунин ҷангу бесуботиро ба кишвари азияткашидаи мо, ба чахон наёрад ва Ватани мову сайёраро аз тамоми газандҳои заминиву осмонӣ дар паноҳи исматаш нигаҳбон бошад! Омин!
70-cолагии Рӯзи Ғалаба муборак бод, ҳамдиёрони азиз!