21:54:31 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

60 000 сомонӣ ҷаримаи мушовири раиси ҲНИТ барои бисёрзанӣ

Додгоҳ яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидиброҳими Назарро, барои бисёрзанӣ 60 000 сомонӣҷарима бастааст.

saidibrohimi-nazar-658945.jpgДодгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мушовири раисиҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Саидиброҳими Назарро бо ҷурми бисёрзанӣ 60 000 сомонӣҷарима баст. Ин хабар шоми 27 май тавассути барномаи “Ахбор”-и шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки Саидиброҳими Назар 4 зан дорад ва бо ҳамаи онҳо зиндагии муштарак мебурдааст. Бино ба ин манбаъ, яке аз ҳамсарони мушовири раиси ҲНИТ рус будааст.

Саидиброҳими Назар шоми 27 май дар сӯҳбат бо мо хабари ҷарима шуданаш аз сӯи додгоҳро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, таҳқиқи парвандаи бисёрзанӣ алайҳи вайро тақрибан ду моҳ боз додситонии шаҳри Душанбе пеш мебурд ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 26 май содир шудааст.

Саидиброҳими Назар гуфт, ду зан доштанашро эътироф мекунад: “Мо инро рад ҳам накардем. Чаро рад кунам, вақте бо онҳо зиндагӣ дорам, фарзанд дорем? Аммо ман аз як занам ҷудо шудаам ва зани русам вафот кардааст, вале ҳамаашро ҷамъ карда, эълон карданд, ки гӯё ман 4 зан дорам.”

Саидиброҳими Назар гуфт, аз ҳукми додгоҳ шикоят бурданӣ нест, чунки “тибқи қонун бисёрзанӣ манъ аст ва мо ин қонунро вайрон кардем ва ҷазоямон доданд.”

Исми Саидиброҳими Назар ду моҳ пеш дар робита ба нашри як видео, ки лаҳзаи алоқаи ҷинсии ӯ бо як занро тасвир мекард, сару садои зиёде ба по карда буд. Саидиброҳими Назар ба Озодӣ нашри ин наворро ғайриахлоқӣ номид ва гуфт, ӯро дар як манзили иҷора бо ҳамсари никоҳияш сабт карда буданд.

Мушовири раиси ҲНИТ аз шарҳи бештар дар бораи қазияҳои ахир худдорӣ кард ва гуфт, ҳамчун нафари таҳти ҳукми додгоҳҳаққи додани тафсилоти аз ин зиёдро надорад.

ҲНИТ дар пайи як силсила моҷароҳои марбут ба нашри видеоҳо дар бораи бадахлоқии аъзояш ваё нафароне, ки узви ин ҳизб муаррифӣ мешуданд, ва боздошту таъқиби як идда аз тарафдоронаш чандин бор аз вуҷуди як маъракаи барномарезишудаи зидди худ изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки шумори аъзояшро тақрибан 45 000 нафар мегӯяд, аз бузургтарин ташаккулҳои мухолифин дар ин кишвар ба шумор меояд. Ин ҳизб дар се ҳайати қаблии Маҷлиси намояндагон соҳиби ду курсӣ буд. Вале дар интихоботи порлумонии 1 марти соли 2015 ҲНИТ натавонист садди 5-фоизаро убур кунад ва ба ҳайати порлумони кунунӣ роҳ наёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi