04:26:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Боздиди Сарвазир аз рафти корҳои навсозии нақби «Истиқлол»

Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои таъмиру тармим ва навсозии нақби мошингарди «Истиқлол» шинос шуд.

Нақби мазкур дар асоси созишномаи дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон навсозӣ ва таҷдид гардида, дар нақб корҳои бастани маҷроҳои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ идома дорад. Дар айни замон аз даромадгоҳи шимолӣ роҳи нақб дар қисматҳои алоҳида бетонпўш карда шуда, баробари анҷоми он бетонпушнамоии қисмати болоии роҳ аз даромадгоҳи ҷанубӣ оғоз мегардад.

Бо таъкиди Сарвазири мамлакат дар иҷрои корҳои нақшавӣ саҳлангорӣ зоҳир гардида, рафти  тармиму навсозии нақб нисбатан суст ҷараён дорад.

Барои ташкили кори шабонарўзӣ дар қитъаҳо, дар як вақт ба роҳ мондани корҳои бетонрезӣ, таъмини саривақтии музди маоши кормандон, афзун намудани нерўи корӣ ва техникаю таҷҳизот, беҳдошти шароити барқрасонӣ, вусъати корҳои равшаннамоию ҳавотозакунӣ ва дар ҳамин асос босифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда пурра анҷом додани навсозии ин иншооти муҳим роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва корхонаҳои тобеи он, мутахассисони ширкатҳои ҳамкор ва дигар масъулини соҳа вазифадор карда шуданд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi