12:48:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Суғд: мусодираи 9 кг маводи мухаддир аз сокини Қурғонтеппа

Мақомоти милитсияи Суғд боз як ҳолати ба фурӯш баровардани наздик ба 9 кг  маводи мухаддирро ошкор ва аз муомилот нашъадорро берун намуданд.

Тавре, ки ба мо роҳбари маркази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи Суғд бо баргузории амалиёти махсус ва дар натиҷаи коркарди ахбори фаврӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз тарафи кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара сокини 62 солаи шаҳри Қурғонтеппа Амиршоҳ Нуров бо гумони хариду фурӯши маводи мухаддир боздошт гардид.

Зимни тафтиш аз гумонбаршаванда 8 кг 843 грамм воситаи нашъадор мусодира шуд, ки аз он 490 граммашро героин ва 8 кг 353 граммашро афюн ташкил медиҳад. Феълан оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ оғоз шудааст.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi