18:52:50 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

С. Давлатзода: «Бо мақсади танзими маросим беш аз 10 ҳазор санҷиш гузаронидем»

Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмўъ 10413 санҷиш гузаронида шудааст.

Аз ин шумора 52 санҷиш дар шаҳри Душанбе, 380 адад дар ВМКБ, 1941 адад дар вилояти Суғд, 4178 адад дар Хатлон, 3862 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифтааст,- хабар дод раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 7 июл дар нишасти матбуотӣ ва афзуд, ки аз тарафи Кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 20 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 249 ҳолати нақзи қонун ба қайд гирифта шуда, вобаста ба он аз ҷониби комиссияҳои доимӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳо ирсол гардид.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi