15:51:56 07-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Домулло Ҳикматулллоҳ аз таҷлили ид дар рӯзи ҷумъа пуштибонӣ кард, аммо бо як шарт...

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз рӯҳониёни бонуфузи Тоҷикистон 29 рӯз муқаррар кардани рӯзаи моҳи Рамазонро нодуруст хонд.

domullo-hikmatullo-78542154.jpgДомулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, рӯҳонии маъруфи тоҷик гуфтааст, ки 29 рӯз рӯза доштан нодуруст аст ва мардуми Тоҷикистон фардо рӯзи ҷумъа Иди Фитрро истиқбол кунанд, вале як рӯзи қазоро ба ҷо биоранд.

Домулло Абдусаттор, аз муридони Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ба мо гуфт, шаби гузашта пас аз намози таробеҳ дар ин иртибот аз ин рӯҳонӣ суол кардааст ва ӯ дар посух гуфтааст, ки 29 рӯз доштани моҳи мубораки Рамазон аз нигоҳи исломӣ нодуруст аст ва ҳамеша мардуми мусалмон тайи 30 рӯз рӯза мегирифтанд. Имсол сокинони мусулмони Тоҷикистон моҳи Рамазонро 18 июн оғоз карданд ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи 13 июл эълон кард, ки Рамазони имсола аз 29 рӯз иборат хоҳад буд.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, низ 9 июл зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди моҳи шарифи Рамазон гуфт, ки тибқи ҳисобҳои олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, моҳи Рамазон имсол 29 рӯз аст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд солшумории мо милодӣ, яъне офтобӣ аст, аммо олимони тоҷик ҷашнҳои мазҳабиро тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ ва бар асоси гардиши моҳтоб ҳисоб мекунанд. Ҷаноби Раҳимӣ рост омадани Иди Фитр ба 17 июлро ҳам ба 29 рӯз будани моҳи Рамазони имсола марбут донист.

Ихтилофи назари ДомуллоҳҲикматуллоҳи Тоҷикободӣ бо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ин мавзӯъ дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои минтақа рӯзи 18-уми июлро рӯзи Иди Фитр эълон карданд. Аз ҷумла мусалмонони Узбакистон - ҳамсоякишвари Тоҷикистон имсол Иди фитрро як рӯз баъд таҷлил хоҳанд кард.Тибқи иттилои расонаҳои Узбакистон, Ислом Каримов, президенти он кишвар бо судури як фармон Иди фитрро рӯзи 18 июл дар кишвараш эълон кардааст.

Бисёре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ, ки имсол баробар бо Тоҷикистон ба рӯзадорӣ шурӯъ карда буданд, то ин лаҳзаҳо замони муайяни Иди Фитр дар кишварҳои худро эълон накардаанд. Русия мисли Тоҷикистон идро 17 июл муқаррар кардааст.

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз рӯҳониёни маъруфи суннатгарои Тоҷикистон аст, ки дар ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт ба сар мебарад. Ин рӯҳонии 74-сола таълимоти аввалия ё ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди уламои маъруфи динии давр гирифта, баъдан дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст. Ин шахсро баъзе афроди баландпояи Тоҷикистон ҳам эҳтиром мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi