04:19:50 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт...

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,

Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

Ҳамватанони гиромӣ, дӯстони азиз, бародарону хоҳарон!

edi-ramazon_875421.jpgИди саиди Фитрро барои ҳар яки Шумо ва аҳли хонаводаатон табрику муборакбод гуфта аз Парвардигори Таборак ва Таъоло таманнои онро дорем, ки рӯзаву тоату ибодати моҳи шарифи Рамазони мову Шуморо мақбули даргоҳи Илоҳӣ намуда гуноҳони моро бо лутфу карамаш мағфират карда бошад.

Худованди бузург ба ҳурмати моҳи шариф Рамазон, хатми Қуръону тиловати оёти каломи Раббонӣ арвоҳи ҷамиъи гузаштагонро аз мо шод ва хонаи охираташонро обод кунад, сулҳу суботро дар Ватани азизи мо пойдору бардавом ҳифз намуда, мардуми азияткашидаи моро дар паноҳи исмати худ аз балоҳои заминиву осмонӣҳамеша нигаҳбон бошад.

Оҷизона пеши Худованди бузург даст ба дуъо мебардорем, ки мусалмонони дунё, новобаста аз мазҳабу ақидаи хеш ҳама бо ҳам дӯсту бародар бошанд, мухолифатро канор бигузоранду алорағми бадхоҳони дини мубини ислому мусалмонон ҳама аз як гиребони хилъати муқаддасе, ки ӯро ВАҲДАТ гӯянд, сар бурун кунанд ва ба риштаи Илоҳӣ чанг бизананду пароканда мабошанд. Илоҳо, моро бо сари баланду тани сиҳату хотири ҷамъ боз ба Рамазони дигар хушу хурсанд бирасон! Омин ё Раббалъоламин!

Илоҳо, чунон кун Ту поёни кор,

Ки Ту шод бошиву мо растагор.

Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi