12:36:49 04-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сироҷиддин Аслов бо сафари расмӣ ба Чин меравад

Рӯзҳои 23-24 июл вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар мекунад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари расмиеро ба Чин анҷом медиҳад. Як манбаъ аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин хабарро дар сӯҳбат ба мо тасдиқ кард.

vaziri-khorija-56895645.jpgАз ин пеш Лу Кан, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин низ ба расонаҳо гуфтааст, ки “Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафари расмӣ рӯзҳои 23 ва 24 июл ба Чин ташриф меорад.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, сафари расмии Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои чиноияш – Ван И сурат мегирад. Густариши муносиботу ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳори мухталиф аз мавзуоти матруҳаи дидору гуфтугӯҳои Сироҷиддин Аслов бо мақомоти чинӣ унвон мешавад.

Сафари расмии Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷаи ин кишвар Ван И моҳи июли соли гузашта меҳмони Душанбе буд ва дар ин сафар барномаи сафари раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпингро ба Тоҷикистон ҳамоҳанг кард.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи октябри ҳамон сол бо як сафари корӣ ба Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карда буд. Ин сафари Сироҷидин Аслов ба Пекин ба манзури ширкат дар Конфронси чоруми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокчии раванди Истанбул барои Афғонистон (Қалби Осиё) буд. Аммо дар ҷараёни ин сафари корӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин вохӯриҳои дуҷонибаро бо шахсони расмии Чин, намояндагони давлатҳои “Қалби Осиё”, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ анҷом дод.

Ҷумҳурии мардумии Чин аз  бузургтарин кишвари сармоягузори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Аз 2,1 миллирад қарзи хориҷии кишвар 911 миллионаш ба Чин рост меояд. Чин ҳамчунин ба Тоҷикистон 6 миллиард доллар ваъда кардааст, ки Душанбе ин кӯмакҳоро барои пешрафти бештари иқтисодаш мехоҳад равона кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi