17:26:53 02-уми Июни 2025 сол

Даргузашти эшони домулло Алломаи Регарӣ

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.

Мо ҳама аз Худоему  ва ба сӯи Ӯ бармегардем.

eshoni-alloma-regari.jpgДирӯз, соати 8-и субҳ,дар шаҳри Турсунзода яке аз уламои маъруфи дини мубини исломи кшвар эшони домулло Аллома, машҳур бо тахаллуси «Регарӣ», дар синни 68-солагӣ доии аҷалро лабайк гуфт ва ба ҷавори Ҳақ пайваст. Маросими ҷанозаи ӯ соати 17, баъд аз намози аср дар яке аз масоҷиди ҷомеи шаҳри Турсунзода,ки имом хатибии онро худи марҳум қабл аз марг ба уҳда дошт, баргузор гардид. Мардуми зиёде аз тамоми гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ дар маросими ҷаноза ва ба хоксупории ӯ иштирок доштанд.

Дар суханрониҳое, ки қабл аз гузоштани намози ҷаноза бархе аз уламои шинохтаи кишвар, азҷумла сархатиби масоҷиди води Ҳисор Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, сархатиби масоҷиди минтақаи Кӯлоб домулло Муҳаммадуллоҳ ва дигарон доштанд, сифатҳои нек ва ахлоқи ҳамидаи ин олими шинохта, устоди шогирдони зиёд ва донишманд, ориф ва ошиқи даргоҳи Илоҳӣ ба риштаи тавсиф кашида шуданд.Азҷумла қайд гардид, ки марҳум хидматҳои зиёде дар барқарории сулҳу субот дар кишвар ва тарбияи ахлоқии насли ҷавон,ҷомеъа ба харҷ додаст. Намози ҷаноза бо имоматии писари калонии ӯ домулло Абдулҳамид баргузор гардид. Ҷасади марҳум дар яке аз оромгоҳҳои наздиктарин ба шаҳри Турсунзода ба хок супорида шуд.

Ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» даст ба дуо бардошта аз Худои бузург мағфирати гуноҳҳои марҳумро талаб карда орзуманди он аст, ки ғарқи раҳмати Парвардигор ва шоистаи ҷаннат гардад. Ба фарзандон, шогирдон ва дигар пайвандони эшони домулло Алломаи Регарӣ Худованди Таборак ва Таъоло сабри ҷамил бидиҳад ва аз тмоми газандҳои заминиву осмонӣ дар амон нигоҳ дорад. Омин ё Раббалъоламин!

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854