17:32:47 02-уми Июни 2025 сол

Шоми Дӯстии сарони давлатҳои СААД

Шоми рӯзи 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат ба сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

8888888888888.jpgШоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмонони олимақом, аз ҷумла президентҳои кишварҳои аъзо - Арманистон Серж Саргсян, Белорус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Алмазбек Атамбаев  ва Русия Владимир Путин дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣҷараён гирифт.

Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.

Меҳмонон дар боғи Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон босарватҳои табииаш, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.

Ба ифтихори меҳмонони олимақом сабзавоти тару тоза ва меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД баҳои баланд дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хосиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, дар миёни ҷаҳониён ҳамчунин бо таомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст. 

President.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854