15:00:48 08-уми Июни 2025 сол

Си-Эн-Эн: Чанд мушаки Русия на ба Сурия, балки ба Эрон бархурдаанд

Чанд мушаки болдор, ки аз киштиҳои Русия дар ҳавзаи Каспий ба тарафи Сурия андохта шудаанд, дар қаламрави Эрон афтодаанд. Дар ин бора шабакаи телевизонии Си-Эн-Эн ба нақл аз намояндаи ҳукумати Амрико хабар додааст. Ин мақом гуфтааст, ки эҳтимол ин ҳодиса қурбониён низ дошта бошад.

breaking-news-cnn-2015Маълум аст, ки мушакҳо ба самти Сурия аз фазои ҳам Эрон ва Ироқ мегузаранд, аммо дар кадом минтақаи Эрон ин мушакҳо афтидаанд, ҳанӯз рӯшан нест. Русия ин мушакпаррониро бо мушакҳои нави болдори “Калибр” анҷом медиҳад, ки бори нахуст истифода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории эронии FARS менависад, ки мақомоти Русия ва Эрон ин хабарро тасдиқ накардаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба раиси ҷумҳур Владимир Путин гузориш дод, ки ҳамаи 26 мушаки аз чаҳор киштии низомӣ партобшуда бидуни осеб ба аҳолии осоишта ба ҳадаф расидаанд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854