14:33:52 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БМТ: Ба тарсу ҳарос ва таҳлука дода нашавед

Яке аз сабабҳои бесобиқа баланд шудани қурби доллари  нақди ИМА-ро БМТ таъсири омили равонӣ, аз ҷумла муносибат ва рафтори худи шахсони воқеии фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ маънидод кардааст.

Ба тарсу ҳарос ва таҳлука дода шудан, зудбоварӣ ба овозаю хабарҳои беасосу бардурӯғ ба он сабаб мешавад, ки шахсони воқеӣ саросемавор ба мубодилаи маблағҳои пулиашон иқдом карда, ба ҳар гуна қурби аз ҷониби ҳаннотони беинсоф пешниҳодшуда розӣ мешаванд ва дар ниҳоят зарар мебинанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамин гуна ҳолат дар моҳи декабри соли 2014 ва дар моҳҳои январ, апрелу майи соли 2015 низ рух дода буд ва бар асари он беқурбшавии сомонӣ тақрибан 18,0 фоизро ташкил дод.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба овозаю хабарҳо ва маълумоти бардурӯғу беасос бовар накарда, дар мубодилаи асъор саросема нашаванд ва оид ба ҳар як ҳолати ҳаннотӣ тавассути рақамҳои телефони боварӣ ва телефонҳои дар нуқтаҳои мубодила мавҷудбуда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд.

Дар айни замон ситодҳои доимии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ташкил шудаанд ва онҳо танзиму назорати асъорро дар бозор ҳар лаҳза амалӣ карда истодаанд. 

Бо бовари комил метавон гуфт, ки маҷмӯи чораҳои фаврии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзӣ дар якҷоягӣ бо мардуми ҳушёру боэҳтиёту хирадманд амалишаванда метавонанд вазъи имрӯзаи бозори нақдиро тағйир дода, устувории қурби пули миллиро барқарор намояд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi