17:52:52 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 24 25 26
27 28 29 30 31    

Рушди ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия

Конфронси IV оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия дар мавзӯи  "Натиҷа ва дурнамои ҳамкориҳои байниминтақавӣ» имрӯз, 1 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

«Федератсияи Русия шарики стратегии Тоҷикистон ва ҳамкори пешсаф дар соҳаи тиҷорату  иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин ҳамкориҳои башардӯстона, фарҳангӣ, техникӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ байни ду кишвар бомуваффақият ба роҳ монда шудааст. Конфронси имрӯза имкон медиҳад, ки дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣҳамкориҳо боз ҳам  наздиктар ба роҳ монда шаванд. 

Русия дар соҳаи тиҷорат ва рушди иқтисоди Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Савдои  иқтисодии миёни кишварҳои мо дар 10 моҳи соли равон 27% афзудааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон имрӯз 130 корхона бо сармояи Русия фаъолият мекунад, ки ба  иқтисодиёти Тоҷикистон  саҳми назаррас мерасонад», - гуфт зимни конфронс, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.

Дар ҷараёни конфронс миёни Тоҷикистон ва Русия ҳуҷҷатҳои дахлдор дар мавриди  рушд ва  таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расонида шуд. 

Дар қисми дуюми конфронс се мизи мудаввар оид ба рушди ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, танзими ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, инчунин самтҳои асосии рушди гуманитарӣ ва байниминтақавӣ байни Тоҷикистон ва Русия гузаронида шуд.

Дар фарҷоими конфронс қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi