20:19:24 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол

Имрӯз дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол мулоқот кард.

2_poris-2015.jpgЗимни мулоқот оид ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст гуфтугӯи  самимӣ анҷом дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки“мардумони шарифи кишварҳои қадимаи моро робитаҳои хеле амиқи таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак мепайванданд".

"Мо низ ҳавасманди ҳамкориҳои хуб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар самти ик,тисоду фарҳанг ва энергетика ҳамкорӣ дошта бошем" -изҳор дошт дар ҷараёни суҳбат Абдулмалик Саллол.

Дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз меваву сабзавот, истихроҷи газу нафт ва бунёди корхонаҳои коркарди нафт гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд.

Ҷонибҳо аз вазъи  имрӯзаи минтақаи Шарқи Наздик изҳори нигаронӣ намуда, хоҳони ҳалли мусолиматомези бӯҳронҳои бамиёномада дар кишварҳои минтақа шуданд ва изҳори умед карданд, ки кишварҳои мусулмонӣ дар мубориза бар зидди экстремизму терроризм ҳамкории худро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ тақвият мебахшанд.

http://president.tj/

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi