11:14:39 08-уми Июни 2025 сол

Хуршеди Атоуллоҳ раиси Шӯрои ВАО интихоб гардид

Дар ҷаласаи солонаи Шӯрои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз, 4-уми декабри 2015 баргузор гардид, маърӯзаи ҳисоботии раиси Шӯро Нуриддин Қаршибоев мавриди баррасии вакилони маҷлис қарор гирифт. Вакилон фаъолияти раёсати Шӯроро дар соли 2015 қаноатбахш ҳисобиданд.

khurshedi-atovullo_65124545.jpgХуршеди Атоуллоҳ, Раиси ташкилоти ҷамъиятии Маркази Тадқиқоти Журналистӣ раиси Шӯро интихоб гардид.

Дар ҷаласа мушовири  Президенти ҶТ доир ба илм ва технологияи муосир Муҳаммадшариф Бобошоев, мушовир оид ба ВАО-и Дафтара САҲА дар Тоҷикистон  ҷаноби Эвалд Орф ширкат ва суханронӣ карданд.

Шӯрои Васоити Ахбори Омма Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ буда он 67 созмони давлатӣ ва ғайридавлатии бештар соҳаи рӯзноманигориро дарбар гирифта, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» тааллуқ доранд, ташкил шудааст ва соли шашум аст, ки бо дастгирии Дафтари САҲА фаъолият дорад.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854