12:10:29 08-уми Июни 2025 сол

Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо бахшида Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар

Имсол дар давоми сол аз Рӯзи ҳуқуқи инсон сар намуда, Созмони Милали Муттаҳид 50-солагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ва Паймони байналмилалӣоид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро, ки соли 1966 ба имзо расида буданд, ҷашнгирӣ мекунад.

hamoishi-ittihodi-aurupo_54.jpgҲар ду ин паймон муҳиманд ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии инсонро аз рӯзи таваллудаш то давоми ҳаёти ӯ ифода намуда, тақдири бисёр одамонро тағйир карданд.

Ҳоло дар шароити мушкил атрофи масъалаҳои ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, камбизоатӣ ва нобаробариҳои зиёд, ин паймонҳо чун рукнҳои фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи ҳифзу пешбурди тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ӯ боқӣ хоҳанд монд. Инчунин, паймонҳои мазкур ҳамчун пояи муҳими қонуни байналмилалӣ шуда, моҳияти умумиҷаҳонӣ, тақсимнопазир ва бо ҳам вобаста доранд.

Нақшаи нави амал барои пешбурди ҳуқуқи башар ва демократия, ки Иттиҳоди Аврупомоҳи июли соли гузашта қабул карда буд, ба ҳамаи намудиҳуқуқҳо диққати хос дода, батаъмини онҳо бароиҳамагон тариқи чорабиниҳои мушаххас равона карда шудааст. Ғайр аз ин, Иттиҳоди Аврупо мӯътақид аст, ки ба ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар фаъолони ҷомеа дар роҳиҳифзу таъмини ҳуқуқи инсон, чи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва чи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, доимо кӯмак бирасонад. Иттиҳоди Аврупо аз лаҳзаи таъсисаш бисёр ҳомиёниҳуқуқи башарро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ намудааст ва бо ибрати хеш нишон додааст, ки ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ метавонад манфиатҳои бузургро ба ҷамъият оварад.

Иттиҳоди Аврупо шабакаи васеъ иборат аз намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои давлатҳоиузви он дар саросари ҷаҳон, Намояндаи махсус оид ба ҳуқуқи башар рафиқ Ставрос Ламбринидис ва гурӯҳҳои мутасаддиро дар пойтахтҳои Аврупо дорад ва мо имрӯзнерӯҳои худамонро қатӣ карда, Рӯзи ҳуқуқи инсонро ҷашн мегирем то ҳуқуқи инсонродар зери хатар дар ҳар кунҷи ҷаҳон бударо, ҳифз, пешбурд ва ривоҷ бидиҳем.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854