16:52:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Сарбанди Кӯли Сарез ба заминҷунбии рухдода устувории худро нигоҳ дошт

Кӯли Сарез соли 1911 дар натиҷаи заминҷунбии магнитудааш М=7,4 ҳангоми фурӯ рафтани қитъаи зиёди нишебии соҳили рости дарёи Мурғоб дар ҷои деҳаи пештараи Усой пайдо шудааст. Дар масофаи 4 км аз сарбанди бавуҷудомада 2,2 километри мукааб об ҷамъ гардид ва соли 1914 деҳаи Сарез зери об монд. Номи кӯл аз номи деҳаи Сарез гирифта шудааст. Аз рӯи гуфти шоҳидон заминларза дар ин мавзеъ тӯли як ҳафта идома ёфтааст.

1_kuli-sarez_65121212.jpg

Дар давоми мавҷудияти кӯли Сарез беш аз 100 сол аст, ки масъалаи бехатарии сарбанди кӯли Сарез ва эҳтимолияти рахна шудани он дар маркази диққати муҳаққиқон қарор дорад. Аксари коршиносон дар он ақидаанд, ки сарбанди Усой устувор аст ва канда шудани сарбанди кӯли Сарез аз эҳтимол дур аст.

Дар давоми солҳои 2000-2007 бо дастгирии молиявии Швейтсария, хазинаи Оғохон ва Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи байналмилалӣ оид ба насб намудани системаи назоратӣ ва огоҳонии пешакӣ дар сарбанди Усой ва дар водии Бартанг вобаста ба эҳтимолияти ҳамагуна оқибатҳои хатарноки кӯли Сарез амалӣ карда шудааст.

2_kuli-sarez_65121212.jpg

Системаи мазкур аз соли 2007 инҷониб зери назорати Раёсати «Усой»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мебошад ва дар сарбанд навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст, ки назорати ҳолати сарбанди кӯли Сарезро ба ӯҳда дорад. Маълумот аз ин система ба воситаи моҳвора ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Нишондиҳандаи асосии сарбанди Усой ченаки ҷараёни об аз кӯл аз ҳисоби полоиши он ба воситаи қисми болоии сарбанд ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми беруншавии об аз кӯл дар зимистон ва тобистон фарқ мекунад. Дар давраи тобистон аз ҳисоби обшавии пиряхҳо воридшавии об ба кӯл нисбат ба давраи зимистон 2 баробар зиёд аст. Ченкунии маҷрои оби кӯл ба таври шабонарӯзӣ дар пойгоҳи таҷҳизонидашудаи махсуси гидрологӣ, ки дар масофаи 1 км поён аз сарбанд ва дар деҳаи Барчадив (18 км дуртар аз сарбанд) ҷойгир шудаанд, гузаронида мешавад. Сатҳи оби кӯл ба таври автоматӣ низ чен карда мешавад.

3_kuli-sarez_65121212.jpg

7 декабри соли 2015 соати 12:50 (бо вақти маҳаллӣ) заминларзаи магнитудааш M = 7.2, рух дод, ки ба заминларзаи соли 1911 шабоҳат дошт. Аз рӯи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи афтидани санги дар соҳили кӯли Сарез ба амал омада, сатҳи оби кӯл 40-50 см баланд шуд ва маҷрои беруншавии об аз кӯл зиёд гардид. Ҳодисаи мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки худи сарбанди кӯли Сарез ҷараёни обро идора мекунад ва дар натиҷаи заминларзаи рухдода сахтшавии иловагии сарбанд ба амал наомадааст, ки боиси паст шудани полоиши об ва баланд шудани сатҳи об гардад.

Тибқи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол тамоили пастшавии сатҳи оби кӯли Сарез ва камшавии ҷараёни об аз кӯл ба мушоҳида мерасад ва ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки сарбанди Усой дар ҳолати устувор қарор дорад.

Ҳамин тариқ, заминларзае, ки 7 декабри соли 2015 рух дод ба сарбанди кӯли Сарез ва реҷаи полоиши об аз кӯл таъсир нарасонидааст. Сарбанди Усой дар ҳолати устувор қарор дорад ва хатари рахна шудани кӯли Сарез вуҷуд надорад.

Шервони Умриддин,рӯзноманигор



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi