05:00:18 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Донишомӯзони тоҷик дар мусобиқоти миёндастаии барномасозони АвруОсиё медалҳои нуқра ва биринҷ ба даст оварданд

Толибилмони литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.” ва литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар мусобиқоти миёндастаии барномасозони АвруОсиё дар Қазоқистон медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. Аз ҷумла, Суруш Давлатзода, Нодир Даминов, Самариддин Шарипов, Беҳрӯз Ашӯров, Фирдавс Сатторов, Фарҳоди Ҳокимиён медалҳои нуқраро ба гардан овехтанд.

53ZLimJ7.jpgДар даври ниҳоии Олимпиада 196 даста дар ҳайати 288 донишомӯз аз литсей ва гимназияҳои беҳтарин аз 12 кишвар, ки дар даври интихобии фосилавӣ ғолиб омада буданд, ширкат варзиданд. Ҳама ҷоизадорони Олимпиадаи мазкур, бо шумули дорандагони дипломи ин мусобиқа бидуни имтиҳон ба гуруҳҳои буҷавии чандин донишгоҳҳои бонуфузи Русия ва Қазоқистон пазируфта хоҳанд шуд.

Дар ҳайъати дастаҳои дуюм ва сеюми Литсейи мактаббачагони болаёқат: Сафаров Нозимҷон, Турсунов Манучеҳр, Раҷабов Парвиз, Азизуллои Қудратулло, Файзов Мустафо ва Ибодуллои Сайфулло; дар ҳайъати дастаҳои сеюм ва чоруми Литсей-Интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.»: Алишери Анвар, Турсунова Мунира, Зафаров Илҳом, Миров Алишер, Хусрави Абдусамад ва Исломов Икром дар ин сабқати илмӣ қувваозмоӣ карданд.

Зимнан, аз таҷрибаи солҳои пешин чунин натиҷагирӣ мешавад, ки ҳама ҷоизадорони Олимпиадаи мазкур, бо шумули дорандагони дипломи ин мусобиқа бидуни имтиҳон ба гуруҳҳои будҷавии чандин донишгоҳҳои бонуфузи Русия ва Қазоқистон, аз он ҷумла ба яке аз донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дар бахши барномасозӣ – Донишгоҳи Тадқиқотии Технологияи Информатсионӣ, Механика ва Оптикаи шаҳри Санкт-Петербург, ки аз илми барномасозӣ Қаҳрамони шашкаратаи ҷаҳон шинохта шудааст ва яке аз баргузоркунандагони асосии олимпиадаи мазкур мебошад, пазируфта хоҳанд шуд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi