20:34:25 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамовозии сокинони Қайроққум ба қабули қонун оид ба Пешвои миллат


Имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» чорабиниҳои мухталиф ҷараён доранд. Мақсад аз баргузории чунин ҷамъомадҳо - ин баёни ҳамовозии сокинони кишвар ба қабули қонуни мазкур ва ибрози дастгирии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат мебошад.

Дирӯз дар радифи чунин чорабиниҳо дар шаҳраки барқчиёни шимоли кишвар - Қайроққум раҳпаймоӣ доир гардид.

Тавре ки ба мо масъули хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Қайроққум Рустам Одиев хабар дод, дар раҳпаймоие, ки дар кўчаи марказии шаҳр доир гашт, беш аз 1500 ҷавон, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр ширкат варзида, ҷонибдории хешро аз Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Чорабинии мазкур бо ҳузури кулли сокинони шаҳр дар назди майдони Кохи Истиқлол доир гашта, дар он раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иброз дошт, ки таҷрибаи сулҳоварие, ки дар низоми таълимоти сиёсии Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон ҷойгоҳи махсус касб карда буд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шудааст ва ҳадаф аз меҳвари асосии ҳамоиши имрӯза  низ-ин  баёни ҳамовозии сокинони шаҳри Қайроққум аз эътироф ва дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба ҳисоб меравад, зеро мардуми шарафманди тоҷик дар симои Президенти худ, пеш аз ҳама, пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳоро мебинад.

Иштирокдорони дигар низ доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ки тавассути қудрату қобилияти ташкилотчигӣ, азму иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, сухан карда, ҷонибдории худро иброз доштанд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi