13:43:11 08-уми Июни 2025 сол

В.Никитюк: «Роҳи ҳавоии миёни Тоҷикистону Украина бояд барқарор карда шавад»

«Барқарор намудани роҳи ҳавоии миёни Тоҷикистону Украина рушди устувортари ҳамкории дуҷонибаро таъмин месозад», - гуфт дар нишасти матбуотӣ сафири Украина дар Тоҷикистон  Виктор Никитюк.

«Украина борҳо изҳор дошта буд, ки ҷонибдори оғози барқарорсозии парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Киеву Душанбе мебошад. Баъди моҳи феврали соли 2013 қатъ гардидани парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри байни Тоҷикистону Украина мақомоти хатсайрҳои байналмилалии Украина дар бораи барқарорсозии хатсайри байни Киеву Душанбе гуфтушунид доранд. Мо, дар  баробари ин, омодаем, ки ҳам парвози мустақилона ва ҳам парвози дуҷонибаи ҳавопаймоҳоро барқарор созем», - афзуд дипломати Украина.

«Мо дар ҳоли ҳозир интизори ҷавоби ҷониби Тоҷикистон ва интизори барои гуфтушунид ба  шаҳри Киев фиристодани ҳайат мебошем. Ин басо муҳим аст. Ҷониби Украина бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ва мусофиронро дар ҳудуди худ кафолат медиҳад. Кишварҳо муносибатҳои иқтисодиро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, сайёҳӣ ва ғайра рушду густариш медиҳанд. Барои ин барқарорсозии роҳи ҳавоӣ муҳим аст», - гуфт дар хотима В.Никитюк.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854