13:35:54 08-уми Июни 2025 сол

Дар аснои ҳамла ба Багромӣ 6 хидматчии НАТО ба ҳалокат расид

Назар ба хабари намояндагони расмии ҳайати «Дастгирии қатъӣ», теъдоди хидматчиёни ба  ҳалокатрасидаи НАТО бар асари ҳамлаи худкуш дар наздики пойгоҳи ҳавопаймоии Багромӣ ба 6 нафар расид.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пештар дар вилояти Парвон як посбони пиёдагарди амрикоӣ дар  ҳудуди пойгоҳи зикршуда дучори ҳамлаи худкуш гардид. Масъулияти таркишро намояндагони ҷунбиши «Толибон» ба дӯши худ гирифтанд.

Пештар маълумот дар бораи ҳалокати 5 нафар хидматчиёни ҳарбии хориҷӣ дастраси матбуот  гардида, вале баъдан намояндагони қувваҳои эътилоф изҳор доштанд, ки шумораи ҳалокшудагон назар ба маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ бештар буд.

Мувофиқи  ҳисоботи намояндагии НАТО, дар ҳоли ҳозир тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дошта, аз рӯи натиҷаи он маълумоти иловагӣ марбут ба ҳолатҳои ҳамла интишор мегардад, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Хома пресс».

Дар натиҷаи таркиш ғайр аз 6 нафар ҳалокшудагон 6 нафари дигар захм бардоштаанд, ки 3  нафарашон аъзои ҳайати «Дастгирии қатъӣ» ва 3 нафари дигарашон хидматчиёни пулиси  Афғонистон мебошанд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854