09:32:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Суди конститутсионии ҶТ лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия мутобиқ донист

Имрўз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муайян намудани мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Sudi-konstitutsioni-3124546.jpg

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа мавриди баррасӣқарор дода, қайд намуд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ кардааст.

Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ менамояд. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ба марҳалаи имрўзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд. Онҳо ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ташкил дода, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд, тақвият бахшида, дар маҷмўъ ба таҳкими амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, ба амалия ва таҷрибаи ҷаҳонии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқмебошанд.

Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ донист.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi