17:02:48 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Таъиноти навбатии кадрӣ – 25.02.2016

Дирӯз, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як зумра ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тағйироти кадрӣ ворид намуд. Инчунин вобаста ба таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Kasri-millat 15654521Ҳамин тариқ мутобиқи моддаи 69 — уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймонзода Акрам Раҳим аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шуд.

Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин гардид. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашурӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод гардида, дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Убайдулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Гулзода МаҳмадшоҳҚурбоналӣ ректор таъин гардид.

Дар асоси қарори дигари Ҳукумати кишвар бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфта, Қурбон Убайдулло Абдулло ректори он таъин карда шуд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi