21:41:43 06-уми Июни 2025 сол

Рӯзи Парчами Миллӣ муборак бод, дӯстони азиз!

Дар Душанбеи азизи мо тайи беш аз 26 соли даврони соҳибистиқлолӣ иншоотҳои азими маъмуриву фарҳангӣ, илмӣ, фароғатӣ- тафреҳӣ, варзишӣ, соҳаи ҳифзи сиҳӣ ва ғайра сохта ба истифода дода шудаанд, ки симои пойтахти мо тоҷиконро сол то сол зебову дилработар карда истодаанд. Ҳамаи ин иншоотҳо вазифаву рисолатеро ба анҷом мерасонанд.

1 parchami-millat 65554Дар яке тасмимҳои сарнавиштсоз гирифта мешаванду дар дигаре одамон саломатиро барқарор мекунанд, дар саввум илму донишашонро афзун менамоянду дар чаҳорум таълиму тарбия мегиранд, дар панҷум худро ҳамчун варзишгар обу тоб медиҳанд ва ғайраву ҳоказо Яъне ҳамаи ин иншоотҳо барои ин мардуму ин миллат хидмат мекунанд.

Дар ин байн бузургтарин Парчами миллӣ , ки дар дили пойтахти азизамон ҷой гирифтаасту ба чаҳор сӯи Душанбе партавафшонӣ мекунад, низ вазифаи таърихии худро адо намуда истодааст.

2 parchami-millat 65554Бузургтарин парчами миллӣ дар минтақа ба дилҳои ватанпарастону ватандӯстони ҳақиқӣ суруру ғурур мебахшад. Ҳар гоҳ ки онро мебинам, ба хусус аз баландиҳо, як рӯшание дар дилам пайдо мешавад, як эҳсосоти наҷибу ҳаловатбахше вуҷудамро фаро мегирад. Ҳисси ифтихор аз ин хоку аз ин сарзамин дар қалбам бештар ҷуш мезанад.

Бовар дорам, ки хидмати ин Парчами миллӣ дар он ки ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯзи Хоҷазода баъди 42 сол дар яке аз бузургтарин варзишгоҳҳои дунё дар байни варзишгарони 93 кишвар коре кард, ки Парчами миллии мо дар мусобиқаи гӯштии самбо дар вазни 74 кило баландтар аз парчамҳои миллии дигар кишварҳо боло бардошта шавад, кам нест.

Абадан партавафшон бод Парчами миллии Ватани азизамон!

Рӯзи Парчами Миллӣ муборак бод, дӯстони азиз!

Султони Ҳамад

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854