15:53:19 23-уми Октябри 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сурия аз террористони гуруҳи ба ном «Давлати исломӣ» озод шуд

Сурия аз террористони гуруҳи ба ном «Давлати исломӣ» пурра озод карда шуд.  Охирин террористони ин гуруҳ дар вилояти «Дайр- аз-Зор»-и ин кишвар несту нобуд карда  шуданд. Дар ин бора дирӯз 7-уми декабри соли 2017 нахуст сардори Ситоди генералии Нирӯҳои Мусаллаҳи  Федератсияи Россия генерали армия Валерий Герасимов дар брифинги ҳарсолае, ки ин Ситод охири ҳар сол барои вобастагони низомии кишварҳои хориҷӣ доир мекунад, хабар дод.  

19 syria ioБа гуфтаи ӯ дирӯз (06.12.2017) вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу ба Президенти Федератсияи Россия, Сарфармондеҳи Нирӯҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия Владимир Путин гузориш дод, ки тамоми гуруҳҳои терорристии дар ҳудуди Сурия амалкунандаи ба номи «Давлати исломӣ» торумор карда шуданд ва тамоми ҳудуди Сурия таҳти назорати  нирӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифт. Ҳамин тариқ дар Сурия маҳдудае, ки дар таҳти назорати террористони ба ном «Давлати исломӣ» бошад, вуҷуд надорад.

 Бино ба хабаргузории РИА Новости худи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар як суханронии худ иброз дошт, ки амалиёти низомӣ дар ҳарду соҳили дарёи Фрот бо несту нобуд  карда шудани даҳшатафканони гуруҳи террористии ба «Давлати исломӣ» анҷом пазируфт».  Вале ба гуфтаи ӯ,   вуҷуд доштани баъзе  нуқтаҳое, ки муқобилият нишон диҳанд, аз эҳтимол дур намебошад.

Ба назари Владимир Путин акнун  аз ин ба баъд  замоне фаро расидааст, ки  ҳама кишварҳои зиддахл дар қазияи Сурия, кишварҳои минтақа, якҷо бо ҳукумати Сурия, СММ ба ҳаллу фасли масоили сиёсии он иқдом намоянд.

Бино ба иттилооти  Валерий Герасимов дар озод кардани Сурия аз террористон саҳми отрядҳои худмуҳофизатии курдҳо ва қабоили шарқии дарёи Фрот хеле бзург аст. Дар ин амалиётҳо ҷузъу томҳои воҳидҳои низомии Россия, махсусан нирӯҳои амалиёти махсус, «хеле самаранок амал карданд».

Дар натиҷаи амалиётҳои низомии  ҳамоҳангшудаи отрядҳои курдӣ ва  сарбозони давлатии Сурия бо дастгирии Нирӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Федератсияи Россия дар қисмати шарқии Сурия ҳазорҳо қаряву деҳкадаҳо аз таҳти ҷабру зулми террористон озод карда шуданд.

Валерий Герасимов дар ин брифинг хотиррасон кард, ки кӯмакрасонии  Нирӯҳои Мусаллаҳи Россия ба Сурия дар мубориза ба  муқобили террористон 30 сентябри соли 2015 оғоз гардид. То ин давра 70 дар 100 ҳудуди Сурия дар таҳти назорати гуруҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» буд. Муборизаи Нирӯҳои эътилофӣ таҳти фармондеҳии ИМА дар Сурия чандон самаранок набуд, мегӯяд Валерий Герасимов. Имкони дар як ду моҳи дигар аз байн рафтани Сурия ҳамчун кишвари соҳибистиқлол вуҷуд дошт. Эътилофи зиддитеррористии таҳти фармони ИМА дар Сурия соли 2017 тавонистанд шаҳри Раккаро дар натиҷаи бомбаборони 11 моҳа аз террористон озод кунанд. Вале шаҳр ба пуррагӣ аз байн рафтааст ва дар он зиндагонӣ кардан ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол Сардори Ситоди Марказии Нирӯҳои Мусаллаҳи Россия бар ин назар аст, ки ҳамкориҳои Россия ва ИМА дар Сурия дар роҳи  ҳаллу фасл шудани қазияи Сурия муфид буданд ва дар оянда ҳам метавонанд барои ҳалли пурраи он кӯмак кунанд.

Дар посух ба ин хабари Ситоди Марказии Нирӯҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия намояндаи Пентагон дар умури Сурия ва Ироқ  Эрик Пэхон  азҷумла изҳор дошт, ки  бо ин хабар мувофиқ нест. Гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ҳанӯз дар Сурия пурра  торумор нашудааст. Дар пешравиҳои низомие, ки дар қазияи Сурия ба вуқуъ пайвастанд, саҳми эътилофи зиддитеррористӣ таҳти фармондеҳии ИМА бештар аст-, мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол намояндаи расмии вазорати мудофиаи Россия Игор Конашенков дар ҷавоби  баёнияи намояндаи Пентагон  дар ин хусус, ки гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ҳанӯз дар Сурия маҳв нашудааст, изҳор дошт, ки « ин худ як баҳонаи сунъиест, барои нигоҳ доштани қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар минтақа. ДОИШ танҳо дар ҳамон минтақаҳое мағлуб нашудааст, ки масъулияташ ба гардани ИМА аст, изҳор дошт Игор Конашенков.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1