19:14:43 06-уми Июни 2025 сол

Сафорати ИМА ба Хадамоти гумрук бинои нав тақдим намуд

21 декабри соли 2017 дар бинои Хадамоти гумруки шаҳри Душанбе, Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ба Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб калидҳои бинои нави хадамотро воқеъ дар ноҳияи Мурғоб супорид. Бинои нав дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизил-Арт» воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон  қарор дорад. Дар бинои мазкур 20 нафарро ҷойгир кардан мумкин аст. Илова бар ин, бино утоқҳои хобравӣ, ошпазхона ва утоқҳои кориро дар бар мегирад.

customs-750Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт фаъолияти муҳими Хадамоти гумрукро эътироф намуда ва такроран итминони эҳтироми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро нисбат ба мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти сарҳадоти худ изҳор намуд. Идораи муборизаи байналмиллалӣ алайҳи маводи мухаддир ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи (INL) Департаменти Давлатии ИМА барои сохтмон 767000 доллари ИМА-ро ҷудо намуд. Соли оянда, бо мақсади бо барқ таъмин намудани бино, INL маблағгузории насби турбинаҳои шамолӣ ва батареяҳои офтобиро ба нақша гирифтааст.

Дар давоми 10 соли охир INL тақрибан 9 млн. доллари ИМА-ро барои кӯмак ба таъмини амнияти марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намуд. Ин маблағ асосан барои сохтмони иншоот, омодасозии кадрҳо ва интиқоли таҷҳизоти зарурӣ масраф гардид. Тоҷикистон шарики муҳим дар чорчӯбаи Стратегияи ИМА оиди Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз Стратегияи мазкур таҳкими амният, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа мебошад. Дар доираи муносибатҳои шарикӣ байни ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмак ҷиҳати таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ идома дорад.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854