22:00:52 05-уми Июли 2025 сол

Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Emomali-Rahmon-va-Vladimir-Putin«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар вилояти Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо шаҳрвандони Федератсияи Россия гардид, бо андуҳи амиқ ва эҳсосоти дарду алам дарёфтам.

Дар робита ба ин талафоти вазнин ҳамдардӣ иброз намуда, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро изҳор менамоям».

http://www.president.tj/node/17098

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ