20:56:11 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 22 июли соли 2019 сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд.

Voruh145784545Тахминан соати 16:35 дақиқа ба ин ҳолат шаҳрвандони ҶҚ монеа шуда, худсарона заминро кофта, навиштаҷоти «Оқсой» ва парчами кишварашонро насб карданд. Азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурданд, ки бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Шаҳрвандони ҶҚ аз фурсат истифода бурда, ғайриқонунӣ роҳи «Исфара-Ворух»-ро бастанд.

Маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.

Айни замон намояндагони расмии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi