02:30:49 23-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/14_ahmadov_2147_222'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/14_ahmadov_2147_222'

ШУРӮЪИ ХАЛЪИ СИЛОҲ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Дар ноҳияи Рашт халъи силоҳи фармондеҳони собиқ ва ҷонибдорони онҳо шурӯъ шудааст. Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба мақомоти Тоҷикистон навиштааст, ки аввалин шуда фармондеҳон Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Мулло Садриддин силоҳ ба замин гузоштаанд. Халъи силоҳ натиҷаи музокироти намояндагони раисиҷумҳур – раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва дабири Шӯрои амнияти миллӣ Амирқул Азимов бо фармондеҳони собиқ ба хотири хатми низоъи мусаллаҳона дар ноҳияи Рашт аст, навиштааст ИТАР ТАСС.

 

Ба иттилоъи хабаргузорӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов дар музокирот дар Рашт эълом доштааст, ки барои миёнҷигарӣ дар гуфтушунид бо афроди мусаллаҳ омода аст, то ки онҳо бо кафолати ҳукумат силоҳ ба замин гузоранд ва ҳамроҳ бо нерӯҳои ҳукуматӣ “ҳама бегонаҳоро аз хоки ватан берун карда, ба зиндагии осоишта баргарданд”.

 

Музокирот бо МирзохӮҷа Аҳмадов дар Ғарм

Бино ба иттилои вазорати дифоъи Тоҷикистон, зӯҳри рӯзи панҷшанбе музокироти раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои мухолифини тоҷик, дар маркази ноҳияи Рашт сурат гирифтааст. Ин мулоқот бо миёнҷигарии Шоҳ Искандаров, фармондеҳи дигари собиқ мухолифини тоҷик, баргузор шудааст. Як мақоми кумитаи амнияти милли Тоҷикистон гуфт, дар ин гуфтушунид ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки афроди марбут ба Мирзохӯҷа Аҳмадов бар ивази афв аз сӯи президент силоҳи худро ба замин бигзоранд ва ба зиндагии осоишта баргарданд.

 

Ҳамзамон хабаргузории “Азия-плюс” бо такя ба як сокини шаҳраки Ғарм навиштааст, ки мулоқот дар маҳзари ом дар купруки даромадгоҳи шаҳрак шурӯъ шуд ва сипас ҷонибҳо музокиротро дар бинои Хонаи фарҳанг идома доданд. Ба иттилоъи ин хабаргузорӣ дар музокирот раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ширкат дошт. Хабаргузорӣ аз нақли мусоҳибаш навиштааст, ки “Шоҳ Искандаров рӯзҳои ахир дар шаҳрак зиёд пайдо мешуд ва маҳз ӯ Аҳмадовро барои ба замин гузоштани силоҳ бар ивази афви комил мутмаин сохтааст”.

 

Гуфта мешавад, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов дар нимаи дуввуми рӯз аз бинои Хонаи фарҳанг берун шуда ва бо мардуми маҳаллӣ мулоқот кардааст. Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва сардори собиқи раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи минтақаи Рашт баъд аз анҷоми як амалиёт барои боздошти ӯ аз маҳалли зисти худ фирор карда буд.

 

Ба корвони вазорати дифоъ кӢ ҳамла кард?

Ҳамла ба манзили Аҳмадов се рӯз баъд аз ҳодисаи ҳамла ба корвони вазорати дифоъ ва кушта шудани 25 сарбоз дар дараи Камароб сурат гирифт. Пас аз ин ҳодиса Мирзохӯҷа Аҳмадов нопадид шуд ва то имрӯз аз макони будубоши ӯ хабаре набуд. Мирзохӯҷа Аҳмадов аз сӯи мақомот ба пинҳон кардани Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) - фармондеҳи пешини ИНОТ, ки гуфта мешавад ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон пайвастааст, муттаҳам шудааст.

 

Мақомот инчунин гуфтаанд, ки Аҳмадов дар ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорати дифоъ низ даст дорад. Дар ин ҳодиса, ки 19-уми сентябри соли соли равон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайваст, 26 афсару сарбоз кушта ва 15 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Вале дар рӯзҳои пас аз ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба нерӯҳои низомии ҳукуматӣ дар Камароб Мирзохӯҷа Аҳмадов дар як сӯҳбат бо хабарнигорон рабти худ ба ин ҳодисаро рад карда буд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3351-2010-10-14-17-37-40.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ