02:32:10 23-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/14_ahmadov_2147_333'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/14_ahmadov_2147_333'

ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН БО ГУРӮҲҲОИ МУСАЛЛАҲ МУЗОКИРА КАРДААСТ

Гузоришҳо аз шарқи Тоҷикистон ҳокӣ аст дар шарқи Тоҷикистон миёни давлат ва фармондеҳони мухолифи давлат музокира сурат гирифтааст. Гуфта мешавад бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони собиқи мухолиф, ки тайи ҳафтаҳои ахир аз маҳалли иқомати худ дар минтақаи Рашт фирор карда буд, тавофуқ ҳосил шудааст. Ҷузъиёти бештар дар ин бора ироа нашудааст.

 

Ин дар ҳоле аст, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон, ва Амирқул Азимов, дабири кулли Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар шарқи кишвар ҳастанд. Манобеъи порлумони Тоҷикистон гуфта буданд ҳадаф аз сафари оқои Зуҳуров ошноии бештар бо вазъ дар шарқи кишвар аст. Аммо ҳадс зада мешуд, ки эҳтимолан раиси порлумон бо гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат вориди музокира хоҳад шуд. Як манбаъи мӯътамад, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Би-би-сӣ хабар дод, ки баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе дар ноҳияи Рашт музокироте бо ширкати оқои Зуҳуров анҷом шуда ва "оқои Аҳмадов бо миёнҷигарии Шоҳ Искандар худро таслим кардааст" анҷом шудааст.

 

Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки оқои Аҳмадов барои супурдани аслиҳа ва муҳиммоти ҷангии худ ва тарафдоронаш ду рӯз муҳлат гирифтааст. Ин хабар ҳанӯз ба таври расмӣ таъйид нашуда, вале як манбаъи амниятӣ гуфт, ки оқои Аҳмадов "албатта таслим нашуда, балки пешниҳоди сулҳи мақомоти давлатиро пазируфтааст." Иртиботи телефунӣ бо минтақаи Рашт аз 22 сентябр ба ин сӯ, яъне аз замони оғози амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа дар пайи ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба корвоне аз мошинҳои вазорати дифоъ, қатъ шуда ва таъйиди ин хабар аз сӯйи манобеъи мустақилли маҳаллӣ низ ғайримумкин аст.

 

Мақомоти Тоҷикистон қаблан Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ҳамла ба мошинҳои вазорати дифоъ ва ҳамкорӣ бо пайкорҷӯёни мухолифи давлат муттаҳам карда буданд. Дар асари ин ҳамла беш аз бисту панҷ тан аз нерӯҳои давлати Тоҷикистон кушта ва шумори зиёде ҳам маҷрух шуданд. Мақомот гуфта буданд, ки оқои Аҳмадов дар манзили худ Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдуллоро, ки аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилӣ буд, паноҳ додааст.

 

Оқои Аҳмадов қаблан ба даст доштан дар қатли Олег Захарченко, фармондеҳи нерӯи вижаи пулис низ, мутаҳам шуда буд, вале таҳқиқи ин парванда то имрӯз ба натиҷае нарасидааст. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, субҳи рӯзи чаҳоршанбе барои дидор бо фаъолони ноҳияи Рашт ба онҷо сафар карда буд.

 

Қабл аз сафари оқои Зуҳуров ба минтақаи Рашт, Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи сешанбе аз эҳтимоли мавриди афв қарор гирифтани силоҳбадастон дар шарқи ин кишвар хабар дод ва гуфт, ки ин имтиёз дар сурати супурдани силоҳ аз сӯйи ин афрод имконпазир аст.

 

Коршиносон бо ишора ба ин нукта гуфта буданд, ки ба эҳтимоли зиёд раиси Маҷлиси Намояндагон бо фармондеҳони собиқ дидор ва гуфтугӯ ва пешниҳоди тозаи давлатро ба онҳо ироа хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи сентябр Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, қабл аз сафари худ ба минтақаи Рашт эълом карда буд, ки агар "афроди силоҳбадаст силоҳи худро ба замин нагузоранд, онҳо нобуд карда хоҳанд шуд."

 

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки тайи чанд рӯзи ахир дар дараи Камароб ҳеч задухӯрде бо афроди мусаллаҳ сурат нагирифтааст. Маъмурони пулис ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ машғули ҷустуҷӯйи маҳалли силоҳбадастон ҳастанд ва бо мардуми маҳаллӣ музокироте анҷом медиҳанд.

 

Вазъият дар минтақаи Рашт, ки дар замони ҷанги дохилӣ дар авоили даҳаи 1990 ва баъд аз он аз пойгоҳҳои аслии мухолифон маҳсуб мешуд, аз авохири моҳи сентябр, пас аз ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба сутуне аз мошинҳои вазорати дифоъ, рӯ ба вахомат гаройид. Дар ин ҳодиса дастикам 26 низомӣ кушта ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон он замон гуфта буданд, ки дар миёни афроди муҳоҷим атбоъи хориҷӣ низ ҳастанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3352-2010-10-14-17-41-31.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ