МИТЧЕЛЛ: КӮМАКҲОИ БРИТОНИЁ БА ТОҶИКИСТОН ИДОМА ХОҲАНД ЁФТ
Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳида баррасии ҳамаҷонибаи барномаҳои кӯмаки байналмилалии хешро ба анҷом расонид, ки натиҷаҳои он 1 март дар Лондон аз ҷониби Эндрю Митчелл, Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ эълон гардид.
Натиҷаи баррасӣ чунин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки барномаи кӯмаки дуҷонибаи Британияи Кабир амалӣ мегардад, боқӣ мемонад. Ҷаноби Эндрю Митчелл афзуд: «Бо изҳори хурсандӣ хабар медиҳам, ки баъди баррассии барномаҳо қарор шуд, ки барномаҳои рушди Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми ҳозира то соли 2015 идома меёбанд. Мо ният дорем, ки дар як сол ба ҳисоби миёна $27.5 миллион (14 млн. фунт стерлинг) барои иҷрои барномаҳоямон дар Осиёи Марказӣ, алалхусус дар Ҷумхуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ҷудо намоем».
Изҳороти пурраи Эндрю Митчеллро шумо метавонед аз нишонаи зерин дарёфт намоед:
ИЗҲОРОТИ ҶАНОБИ ЭНДРЮ МИТЧЕЛЛ, ВАЗИРИ ДАВЛАТИИ БРИТАНИЯИ КАБИР ОИД БА РУШДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
“Рӯзгор”
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4570-kumakhoi-britaniai-kabir-ba-tojikiston-idoma-khohand-yoft.html