16:52:40 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Обу ҳавои панҷшанбе, 15-уми август

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рўзҳои 15-16 август низ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳо (бо истиснои ВМКБ) шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 15-20м/с вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад.

obu-havo 1124545Манбаъ дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш, чангу ғуборро пешбинӣ кардааст. Ҳарорат шабона 16+18° ва рӯзона 31+33° гарм мешавад. 

Дар НТМ - ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе навоҳӣо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20°, рӯзона 29+34° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16° , рӯзона 22+27° гарм мешавад.

Дар Хуҷанд ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 18+20°, рӯзона 30+32° гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд – ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20°, рӯзона 28+33° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13°, рӯзона 20+25° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15°, рӯзона 29+31° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб низ бориш намешавад, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8°, рӯзона 18+20° гарм мешавад. 

Дар баъзе ноҳияҳои шарқии ВМКБ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16°, рӯзона 26+31° гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8°, рӯзона 15+20° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст, чангу ғубор боқӣ мемонад.   Ҳарорати ҳаво шабона 17+19°, рӯзона 31+33° гарм мешавад. 

Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои камабри бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 30+32° гарм мешавад. 

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16+21°, рӯзона 30+35° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18°, рӯзона 25+30° гарм мешавад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi